Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши кушташудагони ҳамлаҳои фоҷебор дар Норвегия


Шумораи кушташудагон дар ду ҳамлаи ваҳшатбори террористӣ дар Норвегия ба 91 нафар расидааст.

Полиси ин кишвар танҳо як нафарро дар ин ҳамлаҳо машкук медонад, вале ангезаҳои ҳамла ҳамоно номаълум боқӣ мемонад. Бино ба хабарҳои ахир, 84 нафар дар тирандозӣ дар урдугоҳи тобистонаи ҷавонон дар ҷазираи Утоя кушта шудаанд. Ин урдугоҳро ҳизби ҳоким, яъне Ҳизби Коргар ташкил кардааст.

Қабл аз тирандозӣ дар ин ҷазира дар як бамгузорӣ дар назди бинои дафтари нахуствазир дар маркази Осло-пойтахти Норвегия 7 нафар кушта даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.

Ойстен Меланд-раиси полиси Норвегия гуфт, ки мумкин аст шумораи кушташудагон боло равад, зеро вазъи баъзе аз афроди маҷрӯҳ хеле сангин аст. Дар ин ҳамлаҳо полис танҳо як нафарро машкук медонад. Аз ин шахси машкук, ки хабарнигори NRK ё Ширкати пахши барномаҳои Норвегия аст, Андерс Беринг Брейвик ном мебаранд, вале полис ҳуввияти вайро таъйид накардааст. NRK ва васоити дигари матбуоти Норвегия акси вайро нишон додаанд ва вай одами малламӯи дорои чашмони обӣ аст.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки як марди мусаллаҳи дар тан либоси полис онҳоро ба назди худ хондааст ва он гуна вонамуд кардааст, ки гӯё бо онҳо сӯҳбат мекунад. Вале баъд аз гирдиҳам омадани одамон ба сӯи онҳо ба тирандозӣ шурӯъ кардааст.

Ҳана Барзингӣ ва Кавитиро Аравинтан як ҷо мушоҳидаҳояшонро ин гуна ба забон оварданд: “Дар урдугоҳи мо як тирандоз буд. Вай ба афсари полис шабоҳат дошт. Вай либоси полис дошт, аслиҳа дошт, ҳама чиз дошт. Вале полиси Норвегия аз аслиҳа истифода намебарад. Даҳшатбор буд. Мо ҷамъ шудем ва вай ба тирандозӣ шурӯъ кард. Мо дар оғоз фикр кардем, ки ин шӯхӣ аст.”

Мақомоти полис мегӯянд, ки ҳоло ин марди 32 солаи норвегиро боздошт кардаанд ва вай ба бозрасон барои дақиқ кардани сабабҳои ин аъмолаш ҳамкорӣ дорад. Як мақоми дигари полис ба таври хусусӣ ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфтааст, “чунин ба назар мерасад, ки ин ҳамлаҳо, ба ҳар ҳол, ба ягон созмони террористии байналмиллалӣ иртибот надорад. Зоҳиран ҳамлаҳои исломгароёна нест, балки кори як марди девона аст.”

Полис ҳамчунин гуфтааст, линкҳо ба сомонаҳои интернетие, ки ин мард дар компютери хонааш аз онҳо истифода мекунад, шаҳодат медиҳад, ки вай аз “тундравҳои масеҳӣ”-и дастиростӣ ба шумор меравад.

Имрӯз Ҷенс Столтенберг-нахуствазири Норвегия дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон дар Осло гуфт, дар ин кишвар гурӯҳҳои дастиростии масеҳӣ вуҷуд доранд: “Дар муқоиса бо кишварҳои дигар, ман намегӯям, ки мо бо тундравҳои дастиростӣ дар Норвегия мушкилоти бузург дорем. Вале мо баъзе гурӯҳҳо дорем ва онҳоро то ин вақт назорат мекардем. Полиси мо медонад, ки баъзе гурӯҳҳои тундрави дастиростӣ ё ҳадди ақал гурӯҳҳое аз ин қабил дар Норвегия вуҷуд доранд.”

Нахуствазир афзуд, акнун ин кор ба полис марбут аст, ки то чӣ андоза иртибот доштани ин мард бо чунин гурӯҳҳоро ошкор кунад ва дақиқ шавад, ки оё ҳамлаҳои террористии рӯзи ҷумъа аз ҳамин гурӯҳҳо сарчашма мегирад ё хайр.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG