Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар маркази Осло ва тирандозӣ дар атрофи он


Инфиҷор дар назди дафтари сарвазири Норвегия ҷони 7 нафарро рабуд ва чандин танро захмӣ кард.

Дар натиҷаи таркиш дар маркази Осло, пойтахти Норвегия, ба камияш 7 нафар кушта ва чандин тан захмӣ шуда, вазъи ду нафар аз маҷрӯҳон вахим дониста мешавад. Ҳамчунин чанд бинои маъмурӣ, аз ҷумла дафтари сарвазир Йенс Столтенберг тахриб шудаанд. Полис мегӯяд, инфиҷори шадид маҷбур кард, ки даҳҳо нафар аз биноҳои ҳукуматии атроф ба ҷои амн кӯчонда шаванд.

Вазири кишвари Норвегия Ҳанс Кристиан Амундсен ба хабарнигорон гуфт: “Метавонам тасдиқ кунам, ки сарвазир эмин аст. Вай дар дафтар набуд ва ҳоло машғули расиданӣ ба вазъ аст.”

Инфиҷор дар байни мардум воҳима ба амал овардааст. Ҳамзамон бо он дар минтақаи Утоя, 38 километр аз Осло дар урдугоҳи ҷавонони Ҳизби Кори Норвегия тирандозӣ ба вуқӯъ пайваст ва полис ҳарду воқеаро ба ҳам пайванд медиҳад. Cарвазир Столтенберг қарор буд, ба зудӣ аз ин ҷо дидан ва бо ҷавонон мулоқот кунад. Шабакаи Sky News хабар дод, ки яке аз тирандозон ҷавони қадбаланд ва зардмӯй буда, ба норвегӣ ҳарф мезадааст.

Хабаргузории Ройтерз ба нақл аз шоҳидони айнӣ менависад, аз таркиши шадид дар маркази Осло тирезаи даҳҳо бинои ҳукуматӣ, ба шумули дафтари сарвазир фурӯ пошидаанд. Дар ҳоле ки нахуст гуфта мешуд, сабаби инфиҷор номаълум аст, дертар полис гуфт, ин таркиши як бомба будааст. Ҳамчунин аз мошини бомбгузоришуда сӯҳбатҳо мешавад.

Ин ҳам дар ҳоле даргириҳои сиёсӣ ё ҳамлаҳои террористӣ дар Норвегия дида нашудаанд. Аммо ҳамчун узви Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) Норвегия барои ширкаташ дар низоъҳои Афғонистон ва Либия борҳо ҳадафи таҳдид қарор гирифта буд.

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, ҳамдардии худро ба мардуми Норвегия баён дошт ва аз кишварҳои ҷаҳон хост, барои ҷилавгирӣ аз чунин "ҳамлаҳои ваҳшатангез" табодули иттилоъ ва ҳамкории наздикро таҳким бахшанд. Вай афзуд, кишвараш омодааст, дар таҳқиқи ин рӯйдодҳо ба Норвегия мадад расонад.


Таркиши азим дар маркази Осло
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:35 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG