Пулиси Олмон як афғонро бо иттиҳоми ҷалби афрод ва ҷамъоварии пул барои шабакаи Ал-Қоида ва Ҳаракати исломии Узбакистон боздошт кард. Додситонҳои федеролӣ мегӯянд, ин ҷавони 21-сола бо номи Умед Ҳ. бо нашри мақолаву видеоҳо дар Интернет ба хотири ҷалби аъзои нав ва ҷамъоварии пул барои шабакаҳои террористӣ аз ҳамлаҳои террористӣ тавсиф мекард. Ин нафар рӯзи чоршанбе дар наздикии Кассел дар ғарби Олмон дастгир шудааст.