Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 корманди ширкати энержии Покистон кушта шуданд


Мошини ширкат баъд аз инфиҷор дар Балуҷистон
Мошини ширкат баъд аз инфиҷор дар Балуҷистон
Полиси Балуҷистони Покистон мегӯяд, баме дар назидкии мошине мунфаҷир шудааст, ки дар он кормандони Ширкати нафту гази давлатии аёлати Балуҷистон нишаста будаанд. Дар ин ҳодиса 3 корманди ин ширкат кушта шудаанд ва 5 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ба гуфтаи полис, бами дар мототсикл кор гузошташуда ҳангоми убури мошин аз маҳал мунфаҷир шудааст. Мототсикл дар сари роҳ гузошта шуда будааст ва омилон тавассути дастгоҳи ҳидоятшаванда аз дур бамро манфаҷир кардаанд.
XS
SM
MD
LG