Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳдудиятҳо дар фурӯши пиво дар Русия ва суди зарари он


Рӯзи чаҳоршанбе фурӯши пиво дар Русия аз даромади маъмулии худ маҳрум шуд, зеро Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури ин кишвар қонунеро имзо кард, ки тибқи он фурӯши пива дар берун ё дар кӯчаву хиёбонҳоро мамнӯъ мекунад. Ин қонун аз соли 2013 эътибор пайдо мекунад ва фурӯши пива аз соати 23:00 то 8:00 қатъ мешавад. Тибқи он фурӯши пива дар дӯконҳои сари роҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан аз миён меравад. Ширкатҳои тавлиди пиво мегӯянд, ки тақрибан 30 дарсади пивои онҳо дар чунин ҷойҳо ба фурӯш бароварда мешавад. Пиво солҳои ахир дар Русия то андозае мавқеъ пайдо кардааст ва то ҳол водка аз дӯстдоштатарин нӯшокиҳои спиртии Русия дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG