Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Петреус гуфт, "равобити тира бо Покистон ба нафъи ИМА нест"


Девид Петреус, раҳбари нави Идораи марказии ҷосусии Амрико ё CIA
Девид Петреус, раҳбари нави Идораи марказии ҷосусии Амрико ё CIA

Раҳбари Идораи марказии ҷосусии Амрико мегӯяд, равобити тира бо Исломобод ба манфиат нахоҳад буд.

Генерал Девид Петреус рӯзи чаҳоршанбе, 20-уми июли соли ҷорӣ, гуфт, ки дар арасаи беҳбуди равобит бо Покистон бояд талошҳо сурат бигирад.

Петреус ду рӯз пас аз он ки масъулияти фармондеҳии нерӯҳои НАТО ва Амрико дар Афғонистонро ба генерал Ҷон Аллен супурд, ин матлабро баён кард.

Ин генерали амрикоӣ, ки як мақоми низомии мавриди ситоиши Амрико аст, изҳор намуд, ки Покистон -- ҳамсояи Афғонистон мехоҳад, ки ҷангҷӯёни Ал-Қоида ва Толибонро саркӯб кунад, аммо дар ин замина мушкилот дорад.

Раиси ҷадиди Идораи марказии ҷосусии ИМА илова кард, ки талошҳои Покистон алайҳи мухолифони мусаллаҳ қобили ситоиш аст, аммо ин кишвар бар зидди ҷангӯён дар Вазиристони Шимолӣ ва Балуҷистон ба талошҳои бештар ниёз дорад.

Равобити миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Покистон пас аз кушта шудани Усома бин Лодин дар Аббатобод аз сӯи нерӯҳои хоси Амрико ба тирагӣ кашид ва бархе аз мақомҳои покистонӣ Вашингтонро ба таҷовуз бар қаламрави ин кишвар муттаҳам карданд.

Мақомоти амрикоӣ дар пайи амалиёти қатли бин Лодин гуфта буданд, ки дар тӯли 5 ё 6 сол дар умқи қаламрави Покистон ва дар фосилаи ҳамагӣ чандсад метр аз Академияи низомӣ ва маҳалли зисти генералҳои мустаъфии покистонӣ паноҳ бурдани Усома бин Лодин тавонмандиҳо ва пойбандии Исломобод ба тааҳҳудоташ дар набард бо терроризмро зери шубҳа мебарад.

Мақомоти Покистон ба навбаи худ амалиёти ғафлатгири нерӯҳои Амрико дар хоки кишвари худро нақзи истиқлоли Покистон арзёбӣ мекунанд ва генералҳои покистонӣ таҳдид ҳам кардаанд, ки метавонанд тааҳҳудоти додаи Исломобод дар набард бо террорро бознигарӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG