Раисиҷумҳури Сербистон, Борис Тадич, ин хабарро дар як нишасти вижаи хабарӣ дар Белград эълон кард ва гуфт, Белград бо ин боздошт ӯҳдадориҳои ҳуқуқӣ ва қарзи ахлоқии худро комилан иҷро кард.
"Горан Ҳаҷич соати ҳашту 24 дақиқаи субҳ дар минтақаи Фрушка Гора дастгир шуд. Сербистон бо ҳамин тамоми масоили мушкилаш дар ҳамкорӣ бо Додгоҳи Ҳейгро иҷро кард", -афзуд ӯ.
Горан Ҳаҷич мазнуни 161-ум ва охиринест, ки додгоҳи таҳқиқи ҷиноёти ҷанги Югославияи собиқ аз соли 1993 ба ин сӯ таҳти таъқиб қарор дода буд. Ҳаҷич дар наздикии рустои Крушедол, ҳамагӣ чанд километр дуртар аз зодгоҳаш дар Хорватия ба даст омадааст.
Додситони ҷиноёти ҷанги Сербистон Владимир Вуксевич гуфт, Ҳаҷичро ҳангоми мулоқоташ бо як пулрасон дар ҷангали атрофи ин русто дастгир кардаанд. Вуксевич гуфт, Ҳаҷич мусаллаҳ буд, вале бидуни муқовимат таслим шуд.
Аммо Тома Фила, вакили мудофеъи Ҳаҷич, силоҳ доштани ӯ ба ҳангоми боздоштро рад кард ва ба хабарнигорон гуфт, муваккилаш дар мурофиае, ки бояд то чанд рӯзи дигар роҳи истирдоди ӯ ба додгоҳи Ҳейгро ҳамвор кунад, ширкат нахоҳад кард.
Горан Ҳаҷичи 52-сола аз соли 2004, баъди ба 14 мавриди ҷиноёти ҷанг ва ҷиноёт алайҳи башарият дар ҷараёни ихтилофоти қавмии солҳои 1991-1995 дар Хорватия муттаҳам шуд, таҳти пайгард қарор гирифт. Яке аз ин маворид қатли омми ҳудуди 250 тани ғайрисерб дар Вуковар ва дар қабрҳои махлут гӯрондани онҳост, ки дар соли 1991 рух додааст.
Фоҷиаи Вуковар аз нахустин мавридҳои қатлҳои бераҳмона дар ҷанги Югославия дониста мешавад. Додгоҳи Ҳейг мегӯяд, Горан Ҳаҷич ҳамчунин аз ҷумлаи онҳоест, ки масъули тахриби Вуковар шинохта шудаанд. Вуковар баъд аз ҷанги дуввуми ҷаҳон нахустин шаҳри Аврупост, ки ба хок яксонаш карданд.
Манда Патко, аз аъзои фаъоли Иттиҳодияи модарони Вуковар, ки шавҳараш дар пайи он қатли омм гум шудааст, аз хабари боздошти Ҳаҷич истиқбол кард: “Фурсати боздошти ӯ расида буд. Ӯ бояд ба сазояш бирасад. Ӯ масъули ҷиноятҳо ва корҳоест, ки дар Вуковар гузашт. Шояд ин ҷиноётро ӯ худ шахсан содир накардааст, вале ин ҳама бо фармони ӯ иҷро мешуд.”
Ҷанги қавмӣ байни хорватҳову сербҳо дар Хорватия беш аз 10 ҳазор кушта ба ҷо гузошт ва соли 1995, танҳо пас аз таҳти назорати нерӯҳои хорват омадани манотиқи сербнишин поён ёфт.
Боздошти Горан Ҳаҷич дар ҳолест, ки Сербистон дар моҳи май фармондеҳи собиқи нерӯҳои серби Босния, генерал Ратко Младичро низ боздошт карда, ба додгоҳи Ҳейг супурд. Ин ду боздошт заминаро ба ҳамоиши бештари Сербистон ба сохторҳои қораии Аврупо ва ҷомеаи байналмилалӣ ҳамвор мекунад.
Белград умедвор аст, ки аллакай то поёни соли равон мақоми номзад ба узвияти Иттиҳодияи Аврупоро ба даст биорад. Мақомоти Иттиҳоди Аврупо аз боздошти Горан Ҳаҷич истиқбол карда, ин иқдомро "қадами муҳим дар роҳи ҷомаи амал пӯшидани орзуҳои аврупоии Сербистон" ба қалам додаанд.
Аммо Брюссел мегӯяд, Белград бояд дар амри таъмини озодии матбуоту ҳукми қонун ва шаффофияти сиёсӣ низ гомҳои бештар бардорад, то ба мақоми расмии номзад ба узвияти Иттиҳоди Аврупо бирасад. Раҳбарони Хорватия ва ҳам Созмони Милали Муттаҳид ва САҲА аз боздошти Ҳаҷич низ гарм истиқбол карданд.
Дабири кулли паймони низомии НАТО Андерс фоғ Расмуссен гуфт, "ин боздошт имкон медиҳад, то як саҳифаи дардноктарини таърихи навини Аврупоро бубандем."
Горан Ҳаҷичи
52-сола аз соли 2004, баъди ба 14 мавриди ҷиноёти ҷанг ва ҷиноёт алайҳи башарият дар ҷараёни ихтилофоти қавмии солҳои 1991-1995 дар Хорватия муттаҳам шуд, таҳти пайгард қарор гирифт...