Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаводаи Усмонов аз президент хостори бегуноҳ эътироф шудани падарашон шудааст



Аҳли хонаводаи Ӯрунбой Усмонов, журналисти ширкати бритониёии садову симои ВВС дар номае ба унвонии президент Эмомалӣ Раҳмон дархост кардааст, ки “барои куллан озод ва бегуноҳ эътироф шудани” падарашон мусоидат кунад. Аҳли хонаводаи Усмоновҳо менависанд, ки аз боздоштгоҳи муваққат озод шудани падарашонро нишонаи ғамхории президент медонад ва аз ӯ мехоҳанд, ки барои дубора “орому оддӣ” шудани низоми зиндагии хонаводаашон мусоидат кунад. Бо сипос ба раҳошавии падарашон баъди як моҳи боздошт, аҳли оилаи журналист батаъкид менависанд, ки Ӯрунбой Усмонов ҳеҷ гоҳ ҷонибдори ақоиди тундгарои мазҳабӣ, фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ва зиддидавлатӣ набудааст.

Хабарнигори ВВС, ки 13 июн бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯи “Ҳизб-ут-Таҳрир” боздошт шуд, 14 июл бо мусоидати президент Раҳмон шартан озод шуд. Боздошти хабарнигор интиқодҳои сартосарии созмонҳои мудофеи озодии баён ва корпусҳои дипломатии ғарбиро ба бор овард.


Яке онҳо сафорати ИМА дар Тоҷикистон буд, ки рӯзи сешанбе бо пахши баёнияе озод шудани хабарнигори Би-Би-Си Ӯрунбой Усмонов ва қарори додситонии кулли Тоҷикистон оиди бекор шудани иттиҳоми марбут ба иртиботи ӯ бо созмони мамнӯи “Ҳизб-ут-Таҳрир”-ро истиқбол кард.

Дар изҳороти сафорат гуфта мешавад, ки “мисли ҳамаи рӯзноманигорон, ҷаноби Усмонов барои иҷроиши хуби вазифаи қонунии худ бояд бо доираи васеи шахсон мулоқот кунад”. Сафорат аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардааст, ки иттиҳомоти боқимондаи хабарнигорро низ бекор кунанд.
XS
SM
MD
LG