Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пахши навори куштори полис аз ҷониби Толибони Покистон


Имрӯз Толибон як навори видеоиро нашр карданд, ки дар он қатли 16 полиси покистонии тобистони имсол дастгиршуда сабт шудааст. Дар навор саҳнаи тирборон шудани афсарони полис, ки бо дастони баста дар як баландӣ қатор истода буданд, сабт шудааст. Навор мегӯяд, ки ин афрод 1 июн дар ҷараёни рейде дар минтақаи шимолуғарби Покистон, ки аз вулусволии Дир шурӯъ шуда то Кунари Афғонистон идома кардааст, ба даст афтоданд. Сухангӯи полиси Покистон генерал-майор Атҳар Аббос мӯҳтавои наворро таъйид кард ва гуфт, ки Толибон аз водии Свот барои қатли афсарони полис омаданд.
XS
SM
MD
LG