Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Булгария"-ро аз зери Волга берун хоҳанд кашид


Русия ба берун кашидани бозмондаҳои киштии ғарқшудаи “Булгария” аз зери рӯди Волга омодагӣ мегирад. Ин киштӣ бо беш аз 200 сарнишин ҳафтае пеш ғарқ шуд. Ба амалиёти берунории киштӣ даҳҳо ғаввос ва ду крани бузург ҷалб шудаанд. Наҷотдиҳандагон то кунун аҷсоди 114 қурбонии сониҳаи “Булгария”-ро пайдо кардаанд, аммо 15 тани дигар ҳамчунон бенишон боқӣ мемонанд.
Аз ин пурқубонитарин фоҷиаи киштиҳои дарёӣ дар Русия танҳо 79 нафар ҷон ба саломат бурданд.
XS
SM
MD
LG