Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аксбардорони гурҷӣ ба гуноҳашон иқрор карданд


Эътирозҳо алайҳи боздошти аксбардорон дар Тифлис
Эътирозҳо алайҳи боздошти аксбардорон дар Тифлис
Дар Гурҷистон ҳамаи аксбардорони боздоштшуда иттиҳоми ҷосусиро қабул карданд. Вакили мудофеъи суратгар Георгий Абдаладзе ба хабарнигорон гуфт, ки шахси таҳти ҳимояташ гуноҳи худро иқрор кардааст.

Аз ин пештар Иракли Геденидзе, аксбрдори хусусии раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ, хонуми ӯ Натия ва аксбардори оҷонсии European Pressphoto Зураб Куртсикидзе ҳам ба нафъи Русия ҷосусӣ карданашонро эътироф карда буданд.

Хабарнигорон, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва мухолифини ҳукумат талаб доранд, ки мақомот далелҳои ҷосусии аксбардоронро собит кунанд. Ва аммо як масъули вазорати умури дохилии Гурҷистон Шота Утиашвилӣ изҳор намуд, ки ин далелҳо фақат дар мурофиаи додгоҳӣ ошкор хоҳанд шуд.

Қарор аст, ки мурофиаи додгоҳи чаҳор аксбардори гурҷӣ баъд аз 1 сентябр баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG