Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пекин хостори лағви мулоқоти Обама бо Далай-лама шуд


Обама ва Далай-лама бори ахир яку ним сол пеш мулоқот карда буданд
Обама ва Далай-лама бори ахир яку ним сол пеш мулоқот карда буданд
Мақомоти Чин аз ИМА даъват карданд, ки мулоқоти раисиюумҳур Барак Обама бо раҳбари рӯҳонии Тибет Далай-ламаро лағв кунад. Қарор аст, ки ин мулоқот имрӯз баргузор шавад.

Дар изҳороти вазорати умури хориҷиии Чин, дидору гуфтугӯи Обама бо Далай-лама ҳамчун «мудохила ба умури дохилии кишвар» арзёбӣ шудааст ва он метавонад ба равобити миёни Чину Амрико латма занад.

Чин соли гузашта ҳам ба мулоқоти Обама бо Далай-лама эътироз карда буд ва аммо он ба равобит миёни ду кишвар асаре нагузошта буд.

Дар изҳороти ахиран нашркардаи Кохи сафед гуфта шудааст, ки дидору гуфтугӯи Барак Обама бо Далай-лама баёнгари пуштибонии раисиҷумҳури Амрико аз фарҳанги нодири Тибет ва риояи ҳуқуқҳои тибетиҳо хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG