Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон


Нахустин сарбозони гурӯҳи 10 ҳазорнафарие, ки бояд Афғонистонро тарк кунанд, раҳсипори ИМА шуданд.

Манзур 650 сарбози амрикоист, ки дар вилояти Парвон, шимолуғарби Кобул мустақар буда, давраи хидматашон дар Афғонистон ба поён расидааст.

Онҳо рӯзи панҷшанбе Афғонистонро тарк карданд ва ба ҷои онҳо нерӯҳои ивазкунанда фиристода нахоҳад шуд.

Ин иқдом ба дунболи эълони Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, ки гуфта буд "10 ҳазор сарбози ин кишвар имсол аз хоки Афғонистон хориҷ мешаванд", сурат гирифтааст.

Дар ҳоли ҳозир тақрибан сад ҳазор нерӯҳои низомии Амрико дар Афғонистон ҳузур доранд ва ба гуфтаи мақомоти аршади ин кишвар, хуруҷи тамоми нерӯҳои низомии амрикоӣ то соли 2014 сурат хоҳад гирифт.

Иёлоти Муттаҳида дар маъмурияти тақрибан даҳсолааш дар Афғонистон то ҳоло беш аз 1 ҳазору 500 сарбозашро аз даст дода ва ҳамчунон садҳо миллиард доллар харҷ кардааст.

Барномаи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар Вашингтон мавриди интиқод қарор гирифта ва ҷумҳурихоҳони мухолифи Обама онро иқдоми нодуруст меҳисобанд.

Аммо мақомоти амрикоӣ мегӯянд, то поёни тобистони имсол, теъдоди зиёде аз нерӯҳои ин кишвар аз Афғонистон хориҷ нахоҳанд шуд.

Бо ин ҳам, интизор меравад, бахши бузурги ин сарбозон, ки дар вилояти Ҳилманд мустақаранд, дар моҳҳои ноябр ва декабри имсол Афғонистонро тарк кунанд.

Эълони коҳиши нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:41 0:00
XS
SM
MD
LG