Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши интиҳорӣ дар масҷиди Қандаҳор


Аҳмадвалӣ Карзай
Аҳмадвалӣ Карзай
Мақомоти афғон мегӯянд, як бомбгузори маргталаб худро дар масҷиди шаҳри Қандаҳор тарконд. Ин ҳамла ҳангоми маросими фотеҳаи бародарандари ду рӯз пеш кушташудаи раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай сурат гирифтааст. Бино ба гузоришҳои муқаддамотӣ, бар асари ҳамлаи имрӯза дастикам 4 нафар, бо шумули имоми намоз Мавлавӣ Ҳикматуллоҳи Ҳикмат, кушта шуданд. Дар ин маросим бархе мақомоти давлатӣ низ ширкат доштаанд, вале хабарнигори Озодӣ дар Қандаҳор мегӯяд, онҳо лаҳазоте пеш аз анҷоми ҳамла масҷидро тарк гуфта буданд. Дирӯз низ алайҳи мақомоти давлатие, ки ба хотири ширкат дар маросими дафни Аҳмадвалӣ Карзай ба Қандаҳор омада буданд, як силсила ҳамлаҳо сурат гирифтааст. Худи Карзай низ дирӯз барои дафни бародараш ба Қандаҳор омада буд.
XS
SM
MD
LG