Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкатҳои туркӣ ҳукумати Туркманистонро ба додгоҳ мекашанд


20 ширкати сохтмонии Туркия мехоҳанд, ки тавассути додгоҳ аз ҳукумати Туркманистон беш аз як миллиард доллари худро баргардонанд. Ин маблағи кори анҷомдодаи ин ширкатҳост, ки гуфта мешавад, Ашқобод напардохтааст

Намояндаи ҷониби Туркия Ирфон Долек хабар дод, ки музокирот бо мақомоти Туркманистон дар робита ба пардохти маблағ ба бунбаст ворид шудааст.

Акнун ширкатҳои сохтмонии Туркия тасмим гирифтаанд, ки барои ҳалли мушкил ба Маркази байнулмилалии ҳалли моҷароҳои молиявӣ муроҷиат кунанд.
XS
SM
MD
LG