Хабарнигори радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф бо Зокир Урунов, футболбоз, мураббӣ ва мутахассиси варзидаи футбол, ҳамсӯҳбат шуда, аз ӯ хоҳиш кард, ки дар бораи вазъи кунунӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти футболи тоҷик андешаҳояшро баён созад.
Зокир Урунов, сардори пешини дастаи машҳури “Помир”-и Душанбе, ки 15 соли ахир бо хонаводааш дар Олмон ба сар мебарад, барои аёдати хешону дӯстони худ ба зодгоҳаш - Тоҷикистон омадааст.