Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё тоҷикон дар Русия гурӯҳҳои ҷиноӣ доранд?


Ахиран матбуоти Русия навишт, ки як гурӯҳи ҷинояткори тоҷикон дар Маскав боздошт шудаанд.

Ин гурӯҳ аз 19 нафар иборат будааст ва 17 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Як нафар шаҳрванди Озарбойҷон ва як нафари дигар шаҳрванди Русия низ аъзои гурӯҳи мазкур будаанд.

Ба навиштаи матбуот, ин гурӯҳ бо аслиҳа ба посбонони амборе ҳамла бурдааст, онҳоро бастааст ва талош кардааст аз амбор пойафзол ва либоси чиноиро ғорат кунад. Вале пулис ҳангоми бор кардани молу коло ба мошин онҳоро боздошт кардааст.

Тибқи қонунҳои байналмиллалӣ ва тавофуқоте, ки миёни Русияву Тоҷикистон вуҷуд дорад, дар ҳолати боздошти ҷинояткорон кишвари мизбон ҷониби дигарро аз ҷараёни воқеа огаҳ месозад.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон
Вале дар мавриди боздошти гӯрӯҳи 17 нафарии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз онҳо гурӯҳи ҷиноӣ ном бурда мешавад, ҷониби Русия Тоҷикистонро огаҳ сохтааст?

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт: “Бисёре аз ҷиноятҳо бо ҳамкории якдигар ошкор карда мешаванд, вале ин ҷинояте, ки мавриди назар аст, ҷониби мақомоти корҳои дохилии Русия ҳамтоёни худ, яъне кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро дар ҷараён нагузоштаанд. Айни замон мо дар ин бора ягон маълумот надорем.”

Чун ин гуна хабарҳо вақтҳои ахир дар матбуоти Русия зуд зуд ба чашм мехӯранд, шояд хонандагони чунин хабарҳо ба хулосае бирасанд, ки воқеан дар Маскав ё минтақаҳои дигари Русия гурӯҳҳои дузду ғоратгари созмонёфтаи тоҷикон фаъолият мекунанд.

Аз Абдуллоҳ Давлатов-таҳлилгари тоҷики муқими Маскав дар умури муҳоҷират пурсидам, воқеан ҳам дар миёни муҳоҷирони тоҷик низ гурӯҳҳои ҷиноӣ дар Русия вуҷуд доранд?

Давлатов: Дар чанд соли ахир шояд ба баъзе гурӯҳҳо ҳамроҳ шуда бошанд. Худи тоҷикон дар Руссия гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ надоранд. Миллатҳои дигар доранд, вале гурӯҳҳои муташаккиле, ки ба чунин ҷиноятҳо даст мезананд, дар миёни тоҷикон вуҷуд надоранд. Вақтҳои ахир дар
Абдулло Давлатов, таҳлилгари тоҷики муқими Русия

матбуоти Русия дар ин замина зиёдаравӣ мушоҳида мешавад, намедонам ин бӯи сиёсӣ дорад ё бӯи иқтисодӣ дорад ё аз куҷо меояд. Мо онро фақат фарқ карда метавонем. Вале ин чиз мусаллам аст, ки муҳоҷирати тоҷикон аз аввали солҳои навадум то имрӯз се марҳила доштааст. Дар марҳилаи аввал муҳоҷироне ба Русия омаданд, ки танҳо бо мардикорӣ машғул ҳастанд. Баъд гурӯҳи дуввуме омад, ки мумкин аст бигӯем, ки аз шимоли Тоҷикистон буданд ва дар корҳои тиҷоратӣ каме таҷриба доштанд. Севвум, баъди осоиштагии Тоҷикистон баъзе қонуншиканҳои тоҷик низ дар Русия пайдо шуданд ва мизони қонуншиканӣ аз тарафи тоҷикон каме боло рафт. Вале то ин дараҷае, ки рӯзномаҳои Русия нишон медиҳанд, то он дараҷа нест.

Суол: Оё метавон гуфт, ки ин гурӯҳҳое, ки ба ҳар ҳол ҳастанд, мустақилона фаъолият мекунанд ё бо гурӯҳҳои дигари миллӣ иртибот доранд?

Давлатов: Аксари ҳамон гурӯҳҳои ба ном “ҷинояткори тоҷикӣ” таҳти назорату фишори гурӯҳҳои қавму миллатҳои дигар фаъолият мекунанд, вале инҳоро мегиранду дар рӯзномаҳо гурӯҳҳои тоҷик ном медиҳанд. Як мисоли оддӣ ҳодисаест, ки дар шаҳри Уфа ба вуқӯъ пайваста буд. Ҷинояткорон аз дигар миллат ва аз як қисмати Русия буданд. Онҳо бар зидди тоҷикон ҷиноят содир карда буданд, вале Омбудсмени Чеченистон ба раҳбарияти Бошқирдистон нома навишта эътироз кард, ки гӯё тоҷикон дар он ҳодиса гунаҳгор буданд, вале ҳаммиллатони онҳоро ҷазо медиҳанд. Хулоса ин аст, ки шояд аз ҳамватанонамон пуштибонии хуб намекунем. Дар чунин ҳолат расонаҳои хабарӣ ҳар чӣ менависанд. Ба хусус “Комсомолская Правда”, “Московский Комсомолец” ба қавли русҳо гӯё маводи “заказной” менавишта бошанд. Пурғаразона менависанд, тӯҳмат ҳам мекунанд.

Суол: Аз ҳамин гуна гурӯҳҳое, ки дар матбуоти Русия дар бораи онҳо менависанд, мешавад созмонёфта ном бурд?

Давлатов: На, агар мо инҳоро дар муқоиса бо гурӯҳҳои ҷинояткори дигар миллатҳо, аз ҷумла гурӯҳҳои ҷинояткори миллати рус ва ғайра бигирем, гурӯҳҳои тоҷикон ҷинояткор ё муташшаккил нестанд. Инҳо якчанд нафаре ҳастанд, ки барои кӯмаки якдигар аз як маҳал омадаанд. Онҳо дуздӣ ҳам кунанд як ҷо мекунанд ва намозхонӣ ҳам раванд якҷо мераванд. Инҳо гурӯҳҳои маҳаллӣ ҳастанд.

Суол: Гаҳ-гоҳе муноқишаи тоҷикон бо гурӯҳҳои миллатҳои дигар ҳам иттифоқ меафтад. Хабарҳо ҳам дар ин бора нашр мешавад. Ба назари шумо оё чунин нест, ки сол то сол худшиносии тоҷикон дар баъзе минтақаҳои Русия бештар шудааст, онҳо ҳақталошӣ мекунанд, миллатҳои дигаре, ки гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ доранду аз тоҷикон истифода мекарданд, бар зидди онҳо мехоҳанд муқовимат нишон диҳанд, мисли ғулом сар нафароранд ва ҳамин омилҳо гаҳ-гоҳе сабаб мешавад, ки байни тоҷикон ва миллатҳои дигар муноқишаҳо рух диҳад?

Давлатов: Чунин ҳам ҳаст. Масалан, ман дар моҳи май ба чаҳор минтақаи Русия рафтам, дар баъзе аз ин минтақаҳо задухӯрдҳо рух дода буданд. Дар он ҷойҳо ҳамин гуфтаҳо мушоҳида мешуд. Ҳоло тоҷикон фаҳмидаанд ва эҳтироми худро ба ҷо меоранд ва барои ҳаққи ҳалоли худ талош мекунанд, яъне ҷавонмардӣ дар муҳоҷирони кории мо ҳам дар баъзе мавридҳо эҳё гаштааст.
XS
SM
MD
LG