Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни маъмурияти низомии Канада дар Афғонистон


Cафири Канада дар Кобул гуфтааст, дар моҳи ҷорӣ тамоми сарбозони ҷангии ин кишвар Афғонистонро тарк мекунанд.

Маъмурияти низомии Канада дар Афғонистон, ки аз сӯи ҳудуди 3000 ҳазор сарбози ин кишвар пеш бурда мешуд, рӯзи панҷшанбе хотима ёфт.

Вилям Кросбий дар як сӯҳбати ихтисосӣ ба бахши дарии радиои Озодӣ гуфт, пас аз хатми маъмурияти низомии Канада дар Афғонистон, кӯмак дар бахши омӯзиши нерӯҳои афғон, тақвияти маориф, сиҳат ва ҳуқуқи башар дар садри барномаҳои кории Канада дар Афғонистон қарор дода хоҳад шуд.

Сафири Канада дар Кобул дар ҳоле аз ҳимояти кишвараш аз
Вилям Кросбий, сафири Канада дар Афғонистон

талошҳо ба хотири таъмини субот дар Афғонистон таъкид мекунад, ки ба гуфтаи вай, ҳамсояҳои Афғонистон аз ин кӯшишҳо ҳимоят намекунанд.

Дар ҳоле, ки силсилаи хуруҷи сарбозони ҷангии Канада аз Афғонистон идома дорад, садҳо мураббии низомии ин кишвар қасди сафар ба Афғонистонро доранд. Сафири Канада дар мегӯяд, наздик ба як ҳазор мураббии низомии кишвараш дар бахши омӯзиши нерӯҳои афғон саҳм мегиранд.

Ҷаноби Кросбий, ки дар мавриди поён ёфтани маъмурияти низомии кишвараш дар Афғонистон сӯҳбат мекард, гуфт ки аз чанд моҳ пеш, хуруҷи сарбозони ҷангии Канада аз Афғонистон оғоз шудааст.

Вай афзуд: «Тамоми нерӯҳои ҷангии Канада дар моҳи ҷорӣ Афғонистонро тарк хоҳанд кард. Дар воқеъ ин нерӯҳо дар ҷараёни моҳи гузашта оғоз ба тарки Афғонистон кардаанд. Дар айни замон нерӯҳои ҷадиди канадаӣ ба хотири иҷрои маъмурияти омӯзишӣ вориди Афғонистон мешаванд. Садҳо тан аз нерӯҳои омӯзишии Канада ҳамин ҳоло дар Афғонистон ҳузур доранд ва боқимондаи ин нерӯҳо то моҳи ноябр ба Афғонистон хоҳанд омад.»

Ба гуфтаи ҷаноби Кросбий, Канада аз ин пас ҳамасола ҳудуди 150 миллион долларро дар Афғонистон масраф хоҳанд кард. Сафири Канада гуфт, яке аз аҳдофи асосии кишвараш таъмини сулҳ ва субот дар Афғонистон аст.

Ба гуфтаи вай, кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳам бояд дар бахши барқарории оромиш дар Афғонистон саҳм бигиранд. Ҷаноби Кросбий ба таври мушаххас аз Эрон ва Покистон ном бурд ва гуфт, ки ин ду ҳамсояи Афғонистон бояд аз талошҳои сулҳ дар Афғонистон ҳимоят кунанд.

Танҳо Канада рӯи ҳамкории кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар бахши таъмини сулҳу субот дар Афғонистон таъкид намекунад, балки ИМА низ, ки тасмим дорад то поёни соли ҷорӣ даҳ ҳазор сарбозашро аз Афғонистон берун кунад, бар тақвияти ҳамкориҳои кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бо ин кишвар таъкид кардааст.
XS
SM
MD
LG