Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА хатми саркӯбиҳо дар Беларусро талаб кард


Аудронис Азубалис
Аудронис Азубалис
Раҳбари давраии САҲА талаб кард, ки Беларус ба саркӯбии мухолифони раиси ин ҷумҳурӣ Аляксандр Лукашенка поён диҳад. Вазири хориҷаи Литва Аудронис Азубалис аз давлати Беларус хост, то “боздоштшудагонро раҳо карда, минбаъд аз корбурди хушунат алайҳи афроди осоишта худдорӣ кунад.” Лукашенка дар пайи пирӯзии дигарборааш дар интихоботи моҳи декабр даст ба саркӯбии шадиди мухолифoн зада, ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, фақат дар рӯзи 3 июл дастикам 140 тани дигар дар саросари Беларус боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG