Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА боз ҳам хостори раҳоии хабарнигори Би-Би-Сӣ шуд


Намояндагиҳои кишварҳои ИА дар Тоҷикистон бори дигар хостори озодии хабарнигори Би-Би-Сӣ шуданд.

Дар як баёнияи муштарак, ки рӯзи сешанбе нашр шуд, аз иқдоми ҳукумати Тоҷикистон бинобар лағв кардани иттиҳоми вобастагии Урунбой Усмонов ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ истиқбол шудааст.

Ҳамзамон ин баёния аз боқӣ мондани Усмонов дар боздоштгоҳ ва иттиҳомот алайҳи вай нигаронӣ намуда хостори раҳоии фаврии ӯ шудааcт. Ҳамзамон дар ин баёния аз кӯшишҳои мақомоти Тоҷикистон дар амри барқарории суботу оромӣ истиқбол шудааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан вакили мудофеи хабарнигори боздоштшудаи Би-Би-Сӣ низ гуфта буд, мансубияти Усмонов ба Ҳизб-ут-таҳрир собит нашудааст.

Файзиниссо Воҳидова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки «дар муддати як ҳафтаи амалиёти тафтишотӣ мансубияти Урунбой Усмонов ба созмони мамнӯъ ва ифротгарои Ҳизб-ут-таҳрир пурра инкор карда шуд. Зеро ҳангоми гузарондани амалиёти тафтишотӣ бо дигар боздоштшудагон онҳо гуфтанд, ки Усмонов аъзои ҳизб нест ва ягон вақт аъзо набудааст. Бино бар ин мақомоти тафтишоти пешакӣ низ боварӣ ва итминон ҳосил кард, ки зерҳимояи ман ягон вақт ба ин ҳизб шомил нашудааст, аъзо ҳам набуд ва тарафдори идеяҳои ин ҳизб ҳам нест.»

Ин дар ҳолест, ки мақомоти тафтишот Урунбой Усмоновро дар узвият ба Ҳизб-ут-таҳрир муттаҳам медонистанд. Акнун, ки таҳқиқ собит кардааст, ин хабарнигор ба ин гурӯҳи мамнӯъ ва ифротгаро нисбате надорад, хонум Воҳидова ин амрро навъе пирӯзӣ дар баррасии парвандаи зерҳимояаш медонад.

Урунбой Усмонов, ба таърихи 13-уми июн аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд ба иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯъ ва ифротгарои Ҳизб-ут-таҳрир боздошт гардид.

Боздошти Усмонов вокунишҳои байналмилалро дар пай дошт ва ҳамкорони вай дар дафтари марказии Би-Би-Сӣ дар Лондон низ ду мартаба дар рӯ ба рӯи сафорати Тоҷикистон дар Британия ба нишони эътироз ва ба ҳадафи озодии вай таҷаммӯъ карданд.

Урунбой Усмонов, ки беш аз 10 соли ахир ба унвони хабарнигори бахши Осиёи Марказии радиои Би-Би-Сӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд фаъолият мекунад, 59 сол дорад ва раҳбари бахши адабиёти узбакӣ дар Иттиҳоди нависандагони вилояти Суғдро бар дӯш дорад.
XS
SM
MD
LG