Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кафкӯбиҳо барои "охирин диктатори Аврупо"


Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва Иттиҳодияи Аврупо саркӯбии норозиён дар Беларусро шадидан танқид карданд.

Аммо боздошт ва муҳокимаи норозиён дар саросари Беларус идома дорад. Ба камияш 140 нафар аз ширкаткунандагони тазоҳуроти осоиштаи Рӯзи истиқлолият дар Беларус барои мӯҳлатҳои гуногун зиндонӣ ва бахше ҷарима шуданд ва парвандаи садҳо нафари дигар дар дасти таҳқиқ аст.

Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, ба сурати умум 400 нафар дар саросари Беларус ҳангоми изҳори норозигии худ аз ҳукумати раисиҷумҳур Аляксандр Лукашенка боздошт шудаанд. Дар аксари ҳолат ин эътироз танҳо бо кафкӯбӣ баён шудааст.

Гурӯҳе аз норозиён бо кафкӯбиҳои бетанаффус ва тӯлонӣ хостанд, суханронии Лукашенкаро дар таҷлил аз Рӯзи истиқлолият халалдор

кунанд. Дар миёни онҳо раисиҷумҳури пешини Беларус ва аз мунтақидони сарсахти Лукашенка, Станислав Шушкевич низ будааст. Раҳпаймоӣ ва кафкӯбиҳои тамасхуромезро гурӯҳе аз фаъолони мухолифи давлат аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба роҳ монданд ва аз мардум даъват карданд, рӯзи якшанбе бо ҳамин шева дар таҷлил аз иди истиқлолияти давлатии Беларус ширкат кунанд.

Ҳазорон корманди полис ва мулкипӯшони хадамоти амният тазоҳуркунандагонро латукӯб ва боздошт карданд. Бино ба изҳороти телевизиони давлатии Беларус аксари боздоштшудагон ба авбошӣ, барҳам задани тартиби ҷамъиятӣ ва ширкат дар тазоҳуроти мамнӯъ муттаҳам мешаванд.

Михаил Карниевич, хабарнигори Радиои Озодӣ,

ки аз ин тазоҳурот дар шаҳри ғарбии Ҳронда гузориш медод, низ боздошт шуда, дертар ба озодӣ баромад ва акнун дар додгоҳ муҳокима мешавад. Чандин хабарнигори дигар низ дар кӯчаву хиёбонҳои Минск, Брест, Гомел ва шаҳрҳои дигар ҳадафи бадрафтории полис ва маъмурони амниятӣ қарор ёфтаанд. Дурбину таҷҳизоти журналистии онҳо ё шикаста ва ё мусодира шудааст.

Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва Иттиҳодияи Аврупо саркӯбии тазоҳуротро шадидан танқид карданд. Дар изҳороти онҳо аз амалкарди мақомоти Беларус зидди мардуми худ изҳори нигаронӣ ва таассуф шудааст.

Одрониус Ажубалис, раиси Созмони амният ва ҳамкории Аврупо гуфт: “Ман аз ҳукумати Беларус даъват мекунам, маҳбусонро озод кунад ва ба ҳаққи мардум дар баёни назари хеш аз тариқи таҷаммӯъ, ба ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдии онҳо арҷ гузошта, дар баробари шаҳрвандони осоишта аз хушунат истифода накунад.”

Йержӣ Бузек, раиси Парлумони Аврупо ба озодии фаврӣ ва беқайду шарти боздоштшудагон даъват кард.

Майя Косянич, сухангӯи раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Кетрин Аштон ба Радиои Озодӣ гуфт, Иттиҳодияи Аврупо таҳаввулоти Беларусро бо “нигаронии амиқ” дунбол мекунад.

Вай афзуд: “Мо саркӯби муштзӯрона ва номутаносиби тазоҳуркунандагони осоишта, аз ҷумла журналистонро, ки дар эътирозҳои Минск ва дигар шаҳрҳои Беларус дидем, маҳкум мекунем. Ва аз мақомоти Беларус мехоҳем, ҳуқуқи шаҳрвандонро ба изҳори озодонаи андешаҳо, нигарониҳо ва норозигии худ аз вазъи мамлакат эҳтиром кунанд.”



Лукашенка, ки “Охирин диктатори Аврупо” ном гирифтааст, ин ҷумҳурии Шӯравии пешинро бо мушти оҳанин 17 сол ба ин сӯ идора мекунад. Вай дар моҳи декабр дар интихоботе пирӯз эълон шуд, ки эътирозҳои густардаи мардумро ба бор овард.

Даҳҳо фаъоли мухолиф, аз ҷумла рақиби пешгоми Лукашенко дар интихобот, Андрей Санникау дар маҳбас ба сар мебаранд. Санникау, дипломати собиқ ба 5 соли зиндон маҳкум шудааст.

Гурӯҳи Инқилоб аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз эълон кард, ки тазоҳуротро дар ҳар шароите ки бошад, идома хоҳад дод. Он ҳушдор дод, ки сафи мӯътаризон дар кишвар ба даҳҳо ҳазор нафар хоҳад расид ва Лукашенка наметавонад, тамоми миллатро дар тарсу ҳарос нигаҳ дорад.

Дар ин байн Анджей Пожобут, хабарнигори рӯзномаи лаҳистонии “Газета Виборжса” имрӯз шартан ба 3 соли зиндон маҳкум гашт. Ба гуфтаи вакили ҳуқуқи ӯ, Пожобут, иттиҳоми таҳқири президент Лукашенка дар парвандаи Пожобут исбот нашуд ва ӯро ба тӯҳмат дар мақолаҳояш муттаҳам карданд. Пас аз эълони ҳукм ӯро озод карданд.

Вай дар беруни бино додгоҳ дар Ҳродно ба хабарнигорон гуфт, озодии вай ба шарофати таҳримҳои нави Ғарб зидди ҳукумати Лукашенка дар посух ба саркӯби бераҳмонаи тазоҳуркунандагон ва ҷомеаи маданӣ баъд аз интихоботи моҳи декабр имконпазир шуд.

“Ман мутлақан шодам, мутлақан шодам, зеро умед надоштам, ки имрӯз ба озодӣ мебароям. Ман фикр мекардам, маро бозпас ба маҳбас мебаранд. Ин эҳсоси ман буд. Ман мефаҳмам, ки ин озодӣ дар натиҷаи фишор ба режим рӯй дод, ба назарам, нахустин натиҷаи таҳримҳои иқтисодии зидди режими Лукашенка аст.”

Пожобут ҳамчунин бо иттиҳоми ширкат дар тазоҳуроти пасоинтихоботӣ ду ҳафтаро дар зиндон гузаронда буд.

Гузориши видеоӣ аз тазоҳуроти қаблӣ дар Минск:

Полис тазоҳуротро пароканда кард
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG