Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйири ҷабҳаи набард аз ҷануб ба шарқи Афғонистон


Фармондеҳи нерӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон гуфтааст, ҷабҳаи набард бо Толибон дар ҳоли тағйир ёфтан аст.

Генерали амрикоӣ Девид Петреус, ки ба зудӣ ин мақоми фармондеҳиро ба генерал-лейтененати артиши баҳрии Амрико Ҷон Аллен супурда худ ба симати раҳбари CIA, Идораи марказии ҷосусии Амрико хоҳад рафт, ҳангоми яке аз охирин маъмуриятҳои худ дар Қандаҳор ва Багром ба хабарнигорон гуфтааст, дар моҳҳои оянда маркази набардҳо аз пойгоҳҳои Толибон дар ҷануби Афғонистон ғолибан ба марзҳои аз нигоҳи ҳифозат заифтари шарқи ин кишвар бо Покистон хоҳад кӯчид.

Нерӯҳои эътилоф то кунун дар набард бо чирикҳо асосан рӯи вилоёти ҷанубии Қандаҳору Ҳилманд тамаркуз мекарданд.

Чунин вазъ ба чирикҳо, ки ба маҳзи надоштани силоҳҳои сақил дар табдили макон ва ҷабҳаи ҷанг дар муқоиса бо нерӯҳои эътилоф мушкили зиёде надоранд, имкон дод, то ба осонӣ дар вилоёти шарқие, чун Нуристон ё Пактиё ё Кунар, ҷои по пайдо кунанд ва ҳатто густохона чанд вулусволиро дар ин манотиқ барои чанд рӯз ба даст биоранд.

Аммо оё табдили ҷабаҳоти ҷанг бо Толибон барои эътилоф ба чӣ қимате тамом хоҳад шуд? Оё вилоёти шарқии Афғонистон, ки кӯтоҳтарин масир аз манотиқи қабиланишини Покистон то ба марзҳои Бадахшони Тоҷикистон аст, ба як масири ҷадиди таҳвили ҷангиён ба Осиёи Марказӣ табдил нахоҳад ёфт?

Ин суолҳоро дар як тамоси телефонӣ бо Ваҳиди Мужда, коршиноси масоили Афғонистон дар миён гузоштем.

XS
SM
MD
LG