Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пардабардорӣ аз ҳайкали Рейган дар Лондон


Рейган ва Горбачёв
Рейган ва Горбачёв
Имрӯз, дар солгарди истиқлоли Амрико дар ҳошияи сафорати он кишвар дар маркази Лондон аз муҷассамаи семетрии раҳбари собиқи Амрико Роналд Рейган пардабардорӣ карданд.
Вазири хориҷаи Бритониё Вилям Ҳейг дар маросими гушоиши ҳайкал номаи табрикотии сарвазири собиқи кишвараш Маргарет Тетчерро қироат кард, ки аз Рейган ситоиш мекунад. Худи Тетчер ба далоили сиҳҳатӣ натавонист дар ин маросим ширкат кунад.
Ҳейг низ ба навбаи худ Рейганро “яке аз фарзандони бузурги Амрико ва аз шахсиятҳои таърихии асри 20” унвон кард.
Ҳафтае пеш дар Прага низ кӯчаеро ба номи Рейган гузоштанд ва дар Будапешт ҳам як ҳайкали ӯ боз шуд. Имсол Роналд Рейган, ки дар солҳои 80 раисиҷумҳури Амрико буд, 100-сола мешавад.
XS
SM
MD
LG