Мақомоти Покистон аз оғози амалиёти низомӣ дар минтақаи қабиланишини Куррам дар наздикии марзи Афғонистон хабар доданд. Азамат Алӣ, як сухангӯи артиши Покистон ба Радиои Машъал гуфт, ҳадафи амалиёт аз ин минтақа берун андохтани ҷангиёни Таҳрики Толибони Покистон аст: «Амалиёт дар бархе манотиқ оғоз ёфта, дар бархе манотиқи дигар низ бояд шурӯъ шавад. Ин амалиёти бузурге нест. Як амалиёти дигар дар Малоканд низ доир мешавад. Ҳадафи амалиёт хароб кардани лонаҳои ҷангиён аст.»
Куррам аз паноҳгоҳҳои ҷангиён маҳсуб шуда, ба гуфтаи мақомоти амниятӣ, афзоиши хушунат боиси аз ин минтақа фирор кардани ҳазорон хонавода шудааст.
Куррам аз паноҳгоҳҳои ҷангиён маҳсуб шуда, ба гуфтаи мақомоти амниятӣ, афзоиши хушунат боиси аз ин минтақа фирор кардани ҳазорон хонавода шудааст.