Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cурия ҳамоно ноором аст


Раисиҷумҳури Сурия Башшор Асад рӯзи шанбе Аҳмад Абдулазиз, волии шаҳри калидии Ҳаморо барканор кард.

Ҳамо як маркази умдаи эътирозҳои алайҳи режими Асад буда, рӯзи ҷумъаи 1-уми июл дар инҷо бо талаби истеъфои Башшор Асад ва ислоҳот ҳудуди 200 000 нафар гирди ҳам омада буд. Фаъолон мегӯянд, ин иқдоми Асад зоҳиран ба хотири фурӯ нишондани доманаи эътирозҳост ва волии Ҳамо ғолибан танҳо як гӯсфанди қурбонист, ки режими ҳоким ба хотири бақои худ сар мебурад.

ҲАМО- МАРКАЗИ РӮЁРӮИҲО

Виссом Таъриф, як фаъоли суриягӣ дар Лубнон ба Ассошиэйтед Пресс гуфт, Башшор Асад васоили фурӯ нишондани эътирозҳоро надорад ва ӯву ҳизби Баъсаш дар ин шароит маҷбуранд, касеро айбдор кунанд.

Умар Идибӣ, як фаъоли дигари низ мустақар дар Бейрут ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, волии барканоршудаи Ҳамо баръакс ба ин далел, ки талош дошт, аз хунрезиҳои бештар ҷилавгирӣ кунад, дар байни сокинон хеле мӯҳтарам буд ва ӯ тарс дорад, ки бо барканории Абдулазиз дасти нирӯҳои амниятӣ барои таъқиботи шадидтар дарозтар хоҳад шуд.
Ҳамо дар соли 1982 низ як маркази аслии эътирозҳо алайҳи режими Ҳофиз Асад, падари раисиҷумҳури феълӣ буд ва он замон нирӯҳои давлатӣ бо ҳадафи саркӯбии ошӯбҳо ҳазорон нафарро дар ин шаҳр ба ҳалокат расонданд. Ҳамо амалан ба як ҳавзи хун табдил ёфта буд ва бино ба баровардҳои ҳомиёни ҳуқуқ, дар соли 1982 дар ин шаҳр аз 10 000 то 25 000 нафар ҷон бохтаанд.

ЭЪТИРОЗҲОИ САРОСАРӢ ДАР СУРИЯ

Рӯзи 1-уми июл эътирозҳои зидди режими Башшор Асад нафақат дар Ҳамо, балки тақрибан дар саросари Сурия, аз ҷумла дар пойтахт Димишқ доир шуд ва тазоҳургарон, ки ҷамъашон дар саросари Сурия то ним миллион нафар бароварда мешавад, ваъдаҳои Асад барои анҷоми ислоҳоту муколамаи саросарӣ ва таҳияи тарҳи нави Қонуни асосиро радд ва истеъфои ӯро талаб мекарданд.
Ба гуфтаи фаъолон, дар ҷараёни даргириҳои рӯзи 1-уми июл аз тири нирӯҳои амниятӣ дастикам 11 нафар, аз ҷумла 2 нафар дар Димишқ ва 3 тан дар Ҳумс, кушта шуданд. Аммо тасдиқи ин рақам аз сӯи манобеъи мустақил ба далели манъи вуруди хабарнигорони хориҷӣ ба ҳудуди Сурия ғайримумкин шудааст. Нирӯҳои амниятӣ дар Ҳалаб низ ба хотири пароканда кардани 3000 эътирозгар аз газҳои ашковар ва калтакҳои барқӣ истифода бурдаанд.

Бо ин ҳол, телевизиони давлатии Сурия рӯзи ҷумъа танҳо тазоҳуроти ҷамъе аз тарафдорони давлатро намоиш дод, ки парчами миллӣ ва аксҳои Башшор Асад дар даст ба хиёбон рехта буданд.
Тазоҳуроти ҷонибдорони режими Сурия дар Димишқ
Эътирозҳои зидди режими Асад дар Сурия бо илҳом аз комёбии эътирозҳои Мисру Тунис дар миёнаҳои моҳи март оғоз ёфта, то имрӯз то 1400 эътирозгар кушта ва беш аз 1000 тан боздошт шудаанд. Мақомоти Сурия аммо ин оморро радд карда, дар таҳрики ин ошӯбҳо, ки аз ҷиддитарин чолишҳо дар тӯли 40 соли ҳукумати хонаводаи Асад бар Сурия маҳсуб мешавад, гурӯҳҳои силоҳбадаст ва омилони хориҷиро айбдор мекунанд.

СУРИЯ ВА ФИШОРҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон мӯътақид аст, ки дар ғайри сурати тағйири масири ҳаракати режими ҳокими Сурия, эътирозҳо алайҳи он фурӯ нахоҳанд нишаст: “Онҳо ё ба раванди ҷиддии сиёсие, ки эътирозҳои сулҳомез дар саросари Сурия ва муколамаи созанда бо мухолифин ва ҷомиаи шаҳрвандиро дар бар бигирад, роҳ мекушоянд ва ё шоҳиди эътирозҳои афзоянда хоҳанд шуд.”

Амрико ва ИА дар вокуниш ба саркӯбии эътирозҳо алайҳи Башшор Асад ва мақомоти аршади режимаш алакай як силсила таҳримот ҷорӣ кардаанд.

Аммо Русия, ки бо Димишқ равобити хубтар дорад, аз интиқоди режими Асад ҳаддалимкон парҳез мекунад. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, Маскав ҳамоно мухолифи он тарҳи қатъномаи Шӯрои Амният аст, ки аз сӯи Фаронсаву Бритониё ва Олмон таҳия шуда, Сурияро ба маҳзи саркӯбии бераҳмонаи эътирозҳо маҳкум мекунад. Ӯ баръакс рафтори мухолифинро, ки ба ваъдаи давлат барои ислоҳот эътино намекунанд, “ғайриқобилиқабул” хонд.
XS
SM
MD
LG