Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Порис Лола Каримоваро "духтари диктатор" шуморид


Духтари раисиҷумҳури Узбакистон, Лола Каримова-Тиллоева бо ректори Донишгоҳи Маскав В. Садовничий.
Духтари раисиҷумҳури Узбакистон, Лола Каримова-Тиллоева бо ректори Донишгоҳи Маскав В. Садовничий.
Духтари раисиҷумҳури Узбакистон, Лола Каримова-Тиллоева баҳсро бо торнамои “Rue 89” дар додгоҳ бохт. Вай ин торнаморо барои он ба додгоҳ кашонда буд, ки ӯро дар як матлаб “духтари диктатор” номидааст. Лола Каримова-Тиллоева “духтари диктатор” номида шудани хешро тӯҳмат ва таҳқир номид ва гуфт, падари ӯ диктатор нест. Вай аз сарони торнамои “Rue 89” узр ва 30 000 евро ҷуброни маънавӣ талаб кард. Аммо додгоҳи Порис баъд аз таҳқиқи қазия гуфт, ибораи “духтари диктатор” дар нисбати Лола Каримова-Тиллоева ҳеҷ тӯҳмате надорад. Торнамо навишта буд, ки Лола бо баргузории маъракаҳои хайрия ва даъвати афроди саршинос ба онҳо мехоҳад, симои кишвари худро дар чашми ғарбиҳо беҳтар кунад. Муаллифи матлаб гуфт, ҳоло дигар бо иҷозаи додгоҳ вай Лоларо ҳамоно “духтари диктатор” хоҳад навишт. Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” ҳукми додгоҳро “фарҷоми мантиқӣ” хонд.
XS
SM
MD
LG