Сенати ИМА номзадии генерал Дэвид Петеусро дар мақоми раиси Хадамоти марказии кашфи Амрико ё ЦРУ пазируфт. Номзадии ӯро ба ин мақом раисиҷумҳур Барак Обама пешбарӣ карда буд.
Дэвид Петреус дар садри ЦРУ Леон Панеттаро иваз хоҳад кард, ки ба зудӣ дар курсии вазири дифоъи Амрико менишинад.
Вазири дифоъ Роберт Гейтс аз мақомаш истеъфо дод ва ба ин муносибат дирӯз дар Вошингтон маросими вижа баргузор шуд. Дар ин маросим Барак Обама ба Роберт Гейтс медали Озодиро тақдим кард ва аз ӯ ба унвони яке аз беҳтарин вазирони дифои Амрико ном бурд.
Дэвид Петреуси 58-сола то имрӯз фармондеҳи нерӯҳои НАТО ва ИМА дар Афғонистон буд.