Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду мақоми аршади Кобулбонк боздошт шуданд


Раҳматуллоҳ Назарӣ-муовири раиси додгоҳ
Раҳматуллоҳ Назарӣ-муовири раиси додгоҳ
Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, ки ду раҳбари пешини Кобулбонкро боздошт кардаанд. Генерал Раҳматуллоҳ Назарӣ-муовини раиси додгоҳи Афғонистон гуфт, Шерхон Фарнуд-раиси пешини ин бонк ва Халилуллоҳ Фирӯзӣ-раиси иҷроии бонк ба эҳтимоли сӯистифода аз садҳо миллион доллар маблағи бонк боздошт шудаанд. Вай дар бораи иттиҳоми онҳо мушаххасан чизе нагуфт. Қаблан Абдулқодир Фитрат-раиси Бонки Марказии Афғонистон ба Амрико фирор ва дар он ҷо аз истеъфои худ хабар дод. Вай изҳор дошт, ки ба ҷонаш эҳсоси хатар мекунад. Дар Афғонистон дастури боздошти вай ҳам содир шудааст.
XS
SM
MD
LG