Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси парчами Тоҷикистон дар Facebook


Як навори видеои Радиои Озодӣ дар шабакаи Фейсбук (Facebook) баҳси дунболадореро ба вуҷуд овард. Ин гузорише буд, дар бораи парафшон шудани парчами миллии Тоҷикистон бар фарози шаҳри Душанбе дар баландии 165 метр.

Ва суоли ин ки “Парчами осмонбӯси Тоҷикистон. Ифтихор ё худнамоӣ?”

Аввал чандин нафар баҳс карданд, ки оё ин баландтарин парчам дар Осиё хоҳад ё ҷаҳон? Акбар Назриев навишт, дар тамоми ҷаҳон. Дигарон ҳам аз ин ақида ҳимоят карданд. Баландии бархе аз парчамҳо дар ҷаҳон дар ин матлаби мо тазаккур ёфтааст.

Аммо баҳси асосӣ ба ин масъала рабт гирифт, ки сохтани чунин милаи баланд оё ҷои ифтихор дорад ё намунаи худнамоии рӯзгори начандон обод аст?

Ин ҷо ҳам мубоҳисон ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд. Бархе танқид карданд, ки ба ҷои сарфи пул барои як амали начандон муҳим, беҳтар буд, корхонае сохта мешуд, то одамон шуғле пайдо кунанд ва ё ба дармондагону бечорагон ёрие мерасид.

Санавбар навишт, мумкин дигар чизе барои ситоиши кишвар нест, дар ҳама соҳа пастӣ – ин ҷо баландӣ! Вале дарҳол ӯро айбдор карданд, ки ватандӯст нест ва ба рағми чунин ақидаҳо Аҳмад ҳатто шеъре навишт дар вазни шеърҳои ҷопонӣ:

Тоҷи сар астӣ, эй Ватан!
Ҷони ман астӣ, эй Ватан
Моли ман астӣ, эй Ватан!

Мухолирони парчами баланд ба ватанбезорӣ айбдор шуданд, вале посух доданд, ки дар Русия кор мекунанду ба Тоҷикистон пул меифристанд ва пули онҳо иқтисоди кишварро гардииш медиҳад. Ба онҳо навиштанд, ҳамин зиндагии солҳои дароз дар Русия ҳамаи шуморо аз ватану ватандӯстӣ дур кардааст. Ҷавоб ин шуд, ки мо ҳар сол ду бор ба ватан меравем, агар мушкил буд, як бор ва зинҳор аз ватан дур нестем. Вале ҳангоме фишори “ватандӯстон” авҷ гирифт, Сафаралӣ навишт: “Серро кай парвои гурусна...... Хуб мешуд агар Ватанамон бо истеҳсолоташ мефахрид, бо пешрафти иқтисодияш, на бо парчами баланду камбизоатӣ.”

Тарафдорони ин ақида навиштанд, агар Тоҷикистон боз ҳам ба назди кишварҳои бой равад ва қарз ё кӯмак пурсад, писханд нахоҳанд зад, ки шумоҳо ин қадар парчами баланд месозед, аз ҳамон парчаматон кӯмак гиред.

Аммо Илҳом навишт, “ба мо боми баланд даркор нест, ба мо номи баланд даркор аст.” Валиҷон ҳам аз ин гуфтаҳо ҳимоят кард, ки бо ин хабар бори дигар номи Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон ва Гугл паҳн шуд.

Парчами осмонбӯси Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:30 0:00
Линки мустақим


Баҳс ба он ҷо кашид, ки зиндагӣ дар Душанбе чандон бад ҳам нест. Посух – ба ноҳияҳои атроф раведу ҳоли мардумро бинед, гиряатон меояд. “Э мо вазъи мардумро ҳанӯз дар ҳавопаймое, ки ба тарафи Тоҷикистон меравад, мебинем.”

Валиҷон пешниҳод кард, парчами нав дар Помир сохта шуда, баландияш 300 метр бошад. Ин вақт касе гуфт, ки “бачаҳо, ин парчам Роғунро ба хотири мо меорад, ки бояд сохта шавад.” Бинед, мо аз ҷанги шаҳрвандӣ наҷот ёфтем, Роғунро сохтан мехоҳем, ба мо фишор меоранд.

Ин ҷо изҳори тассуф садо дод, ки дигар кишварҳо аз ҷангҳои бадтаре раҳо шуданд, монанди Олмон ё Ҷопон, аммо дар фурсати кӯтоҳе иқтисодиёти худро ба қуллаҳо расонданд. Белгия аз Тоҷикистон 5 баробар хурдтар аст, 10 миллион аҳолӣ дорад, Маҷмаи тавлидоти нохолиси он 400 миллиард доллар мебошад. Ҳамагон бар сари ин ки чаро мо пеш намеравем ва дар як пай мондаем баҳс карданд. Раҳбарон гунаҳкор. Дарҳол касе гуфт, худи Шумо барои беҳбуди ватан чӣ кардед? Боз ҷангҷол сар шуд. Яке изҳори хушҳолӣ мекард, ки агар парчами Ватан моро ба чунин баҳс кашида бошад, пас ҳамаи мо ватандӯстем.

Ин вақт хабар расид, ки ҳамаи навиштаҳои Шумо беҳуда – парчамро гирифтанд, нест парчам. “Ватандӯстон” мухолифони худ, махсусан муҳоҷиронро зери танқид гирифтанд, ки “мана, ҳамин қадар навиштед, ки ҳукумат аз суханони Шумо шарм карда, парчамро гирифт.” Посух – ҳукумати мо аз ҳеҷ чиз шарм намекунад, вале мо ҳам зиқ шудем, ки натавонистем, вақти ба Ватан баргаштан парчамро дар кабудии осмон бубинем. Дигаре: “Э, хуб бекора баҳс кардем да... Ба ҳар ҳол ин парчам бошад, хориҷиён барои дидани он зиёд ба Тоҷикистон сафар мекунанд, даромад мешавад.” Посухи Маҳмудҷон: “Ин мактаби олии туризма шумо дар куҷо хондед, ки агар байрақи дарозтарин бошад он ҷо туристҳо зиёд меоянд? Ачоиб. Биётон набошад дар Хучанд хам якта дигар созанд, ин чо хам "привлекательный город" шавад охир!” Баъд аз баҳси тӯлонии марбут ба ҷаҳонгардӣ ва ватандӯстӣ, вазъи иқтисодӣ, забони давлатӣ ва вазъи тиб аз нав суоли “Кӣ гунаҳкор?” матраҳ шуд.

Ҳарчанд дар поёни баҳс Хуршед навишт, ки суханони мо чизеро иваз нахоҳанд кард, ба назар мерасид, ки тарзи фикри ҷавонони мо аз доираи маҳдуди давру бари худ берун рафта, ҷаҳонро фаро мегирад. Ба ҳар ҳол парчами баландтарин онҳоро ба баррасии мушкилоти кишвари худ водор кард, ки ҳамаи тафсилоташро дар 177 шарҳ дар шабакаи Фейсбук бихонед.
XS
SM
MD
LG