Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқчии Афғонистон бо маводи мухаддир ба даст афтод


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар қаламрави вилояти Хатлон Азиз валади Соҳибхон-шаҳрванди 22 солаи Афғонистон бо миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт шудааст. Аз борхалтаи вай 16 кило ҳероин ва бештар аз 24 килограмм ҳашиш боздошт кардаанд. Аз оғози соли ҷорӣ то ҳол ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон аз 510 талоши қочоқи маводи мухаддир пешгирӣ кардаанд, ки дар 12-тои он шаҳрванлдони Афғонистон даст доштаанд.
XS
SM
MD
LG