Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳидони айнӣ аз ширкат дар мурофиа саркашӣ карданд


Рӯзноманигор Геннадий Павлюк
Рӯзноманигор Геннадий Павлюк
Шоҳидони айнии куштори Геннадий Павлюк-рӯзноманигори мустақили Қирғизистон, ки дар ин кишвар ба сар мебаранд, аз рафтан ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон саркашӣ кардаанд. Онҳо бояд дар мурофиаи додгоҳӣ чун шоҳид ширкат дошта бошанд. Геннадий Павлюк 51 сол дошт ва 16 декабри солии 2009 аз ошёнаи шашуми меҳмонсарое дар Алмаато ба замин партофта шуд. Баъдтар аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар бемористон ҷон дод. Вакили мудофеъи вай мегӯяд, дар ин ҳодиса се нафар даст доштаанд.
XS
SM
MD
LG