Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Бонки Миллии Афғонистон аз мақомаш рафт


Абдул Қодир Фитрат, раиси Бонки Миллии Афғонистон дар миёни иддаъоҳо доир ба фасодкорӣ аз мақомаш истеъфо дод ва мегӯяд, ҷонаш дар хатар аст. Ӯ дар ин бора рӯзи душанбе дар Амрико сухан гуфт. Ӯ ҳукумати Афғонистонро ба он муттаҳам кард, ки омилони тақрибан муфлис шудани Кобул Бонк, бонки бузургтарини хусусии Афғонистонро ба масъулият накашидааст: "Ман мушаххас гуфта наметавонам, вале иттилоъи мӯътамад ва аз сарчашмаҳои мӯътамад вуҷуд дошт, ки ҷони ман комилан дар хатар аст. Рӯзе ки ман дар порлумон суханронӣ кардам, аъзои порлумон ҳам доир ба амнияти ман ибрози нигаронӣ карданд. Аз ин рӯ хатар ва хатари ногузир вуҷуд дошт." Ба гуфтаи муфаттишон, бонки мазкур тақрибан ним миллиард долларро бе санад ва аз роҳҳои ғайриқонунӣ ба мақомоти олирутбаи Афғонистон аз ҷумла наздикони раиси ҷумҳур Ҳомиди Карзай қарз додааст. Давлати Афғонистон мегӯяд, нақши худи Абдул Қодир Фитрат ҳам таҳқиқ мешавад. Таҳқиқи қазияи фасодкорӣ дар Кобул Бонк, масъалаи кӯмаки молии Сандуқи Байналмилалии Пул ба Афғонистонро таҳти суол қарор дод.
XS
SM
MD
LG