Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми боздошти Қаззофӣ


Додгоҳи байнулмилалии ҷиноии Ҳейг ё Гаага ахиран дар бораи боздошти Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия дастур содир кард.

Ӯ дар ҷиноёт алайҳи башарият, аз ҷумла, саркӯии бераҳмонаи мухолифини режими Триполӣ, ки моҳи феврал ба ҳамоишҳои осоиштаи эътирозӣ шурӯъ карданд, айбдор мешавад.

Додрас Сэнҷӣ Монэҷинг, зимни суханронӣ дар шаҳри Ҳейги Ҳоланд, изҳор намуд, ки Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ барои боздошти Сайфулислом, писари Қаззофӣ ва раҳбари идораи кашфи Либия низ дастур додаст.

Ба гуфтаи хонум Монэҷинг, “Муаммар Қаззофӣ, дар ҳамоҳангӣ бо атрофиёнаш, ба шумули писараш Сайфулислом нақшаи бо чӣ баҳое набошад нигаҳ доштани қудрат ва саркӯб кардани намоишҳои шаҳрвандон алайҳи режимро таҳия ва татбиқ кардааст”.

Абдулло Ал-Сенусӣ, раиси идораи кашфи Либия, дар таъқиб ва куштори мухолифини ҳукумат муттаҳам шудааст. Ба гуфтаи додрасҳои Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ, ба хотири ҷилавгирӣ аз ҷиноёти нав ҳарсе гумонбар бояд ҳарчӣ зудрат боздошт шаванд.

Мустафо Абул Ҷалил, раиси Шӯрои миллии интиқолии ошӯбгарон, баъд аз эълони тасмими Додгоҳи Ҳейг, дар як нишасти хабарӣ дар Бенғозӣ гуфт, ки “қарори имрӯзаи Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ ҳама гуна пешниҳод ва ибтикори дифоъ аз Муаммар Қаззофӣ ваё баргузории музокирот бо ӯро бемаънӣ месозад.

Тасмими Додгоҳи Ҳейгро ошӯбгарон дар Бенғозӣ хуш истиқбол намуданд. Сухангӯи Шӯрои милли интиқолӣ Ҷалол ал-Ҷалол ба хабаргузории Рейтер гуфт, “ҷаҳон он чизеро тайид кард, ки мо дар борааш ҳамеша ҳарф мезадем”.

Ба гуфтаи ӯ, Қаззофӣ ҷинояткор аст ва бояд ҳатман муҷозот шавад.

Сайфулислом, писари Муаммар Қаззофӣ

Мақомоти Либия қарори Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ дар Ҳейг ё Гаага барои судури дастури боздошти Қаззофӣ ва атрофиёни ӯро шадидан маҳкум карданд. Вазири адлияи Либия Муҳаммад ал-Камудӣ изҳор намуд, ки додгоҳи Гаага – «силоҳи Ғарб барои таъқиби раҳбарони кишварҳои дар ҳоли рушд» аст.

Ҳанӯз қабл аз судури дастури Додгоҳи Ҳейг, намояндаи ҳукумати Либия Мусо Иброҳим эълом дошт, ки Триполӣ ин додгоҳро эътироф намекунад. Қаззофӣ ҳам савганд хӯрд, ки ҳеҷ гоҳ таслим нахоҳад шуд.

Вазири умури хориҷии Бритониё Вилям Ҳейг яке аз он раҳбарони кишварҳои хориҷӣ буд, ки аз тасмими Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ истиқбол кард. Ба гуфтаи ӯ, дастури додгоҳ баёнгари он аст, ки Қаззофӣ берун аз қонун пой гузоштааст ва бояд фавран боздошт шавад.

Андерс фог Расмуссен, дабири кулли НАТО, аз судури дастури боздошт ситоиш кард ва гуфт, ки он рисолати НАТО-ро дар Либия қавитар месозад.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико Виктория Нуланд гуфт,
аъмоли нерӯҳои амниятӣ ва режими Қаззофӣ ҷиддӣ будани талошҳои эътилоф барои ҷилавгирӣ аз хушунат алайҳи мардуми осоиштаро собит мекунад. Аз нигоҳи ӯ, ҷиноёти режими Қаззофӣ он қадар бузург ва сангинанд, ки зарурати муҷозот барои онҳо комилан рушан аст.

Зимнан, аз оғози амалиёти байнулмиллалӣ дар Либия, ки бар пояи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ оид ба дифоъ аз мардуми осоишта аз режими Муаммар Қаззофӣ сурат мегирад, сад рӯз сипарӣ шуд. Бар асари набардҳо миёни ҷонибдорони раҳбари Либия ва ошӯбгарон, ки чанд моҳ боз идома доранд, ҳазорон нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG