Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Триполӣ аз тасмими Додгоҳи Ҳейг


Мақомоти Либия қарори Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ дар Ҳейг ё Гаага барои судури дастури боздошти Қаззофӣ ва атрофиёни ӯро шадидан маҳкум карданд.

Вазири адлияи Либия Муҳаммад ал-Камудӣ изҳор намуд, ки додгоҳи Гаага – «силоҳи Ғарб барои таъқиби раҳбарони кишварҳои дар ҳоли рушд» аст.

Ва аммо ошӯбгарони Шӯрои миллии интиқолии Либия аз тасмими Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ дар Гаага барои судури дастури боздошти Қаззофӣ истиқбол карданд.

Раҳбари Либия дар ҷиноёт алайҳи башарият зимни саркӯбсозии ҳамоишҳои осоиштаи эътирозии шаҳрвандон айбдор мешавад.

Додрас Сэнҷӣ Монэҷинг, зимни суханронӣ дар шаҳри Ҳейги Ҳоланд, изҳор намуд, ки Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ барои боздошти писари Қаззофӣ Сайфулислом ва раҳбари идораи кашфи Либия низ дастур додаст.

Ҳамчунин Абдулло Ал-Сенусӣ, раиси идораи кашфи Либия, дар таъқиб ва куштори мухолифини ҳукумат муттаҳам шудааст.

Дар ҷанги шаҳрвандӣ дар Либия ҳазорон нафар кушта шудаанд, садҳо ҳазор каси дигар кишварро тарк намуданд.
XS
SM
MD
LG