Дар канори шаҳри Бир-ал-Ғанам, воқеъ дар 80-километрии ҷанубу ғарби Триполӣ, аз субҳи рӯзи якшанбе задухӯрдҳо миёни нерӯҳои вафодор ба раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ ва ошӯбгарон идома дорад.
Хабаргузориҳо дар бораи ҳалокати ду тан аз ошӯбгарон иттилоъ додаанд.
Дирӯз тақрибан сад тан аз либиягиҳо, асосан занону кӯдакон ва мӯйсафедон, ки талаби пайвастан бо пайвандони худро доштанд, дар киштии созмони Салиби Сурх аз Бенғозӣ ба пойтахт - Триполӣ омаданд.
Даргириҳо дар Либия миёни ҷонибдорони Қаззофӣ ва ошӯбгарон аз моҳи феврал ба ин сӯ идома доранд.