Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси густардаи мухолифони давлат дар Малайзия


Полиси Малайзия ба камияш 60 нафарро бо иттиҳоми фаъолиятҳои зиддидавлатӣ боздошт кард. Бархе аз онҳо дертар озод шуданд, аммо ҳукумат ба мухолифон ҳушдор дод, ки рӯзи 9-уми июл тазоҳурот баргузор накунанд. Мухолифон мехоҳанд, дар ин раҳпаймоӣ ба поёни ҳукумати 54-солаи ҳизби ҳоким ва шаффофияти бештари сиёсӣ даъват кунанд. Сарвазири Малайзия Наҷиб Раззоқ рӯзи якшанбе гуфт, агар дар тазоҳурот мушкилоте рӯй диҳад, мухолифон масъулаш хоҳанд буд, зеро ҳукумат онҳоро огоҳ кард, ки танҳо ба хотири қудратталабии худ ба ҳарҷу марҷ роҳандозӣ накунанд.
XS
SM
MD
LG