Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дигарандеши саршиноси Чин ба озодӣ баромад


Як дигарандеши дигари чиноӣ пас аз сеюним соли ҳабс ба озодӣ баромад. Бино ба хабари ҳамсараш, Ҳу Ҷия, ки барои даъватҳои зиддиҳукуматӣ маҳкум шуда буд, субҳи рӯзи якшанбе ба хонааш баргашт. Раҳоии Ҷия, ки чанд моҳ пеш эълон шуда буд, баъд аз озодии ҳунарпеша ва ҳомии саршиноси ҳуқуқи инсон Ай Вейвей ва дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки сарвазири Чин, Вен Ҷябао дар Аврупо сафари расмӣ анҷом медиҳад.
XS
SM
MD
LG