Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саволи хонанда ба ширкати «Барқи тоҷик»


Салом Радиои Озодӣ! Ман сокини шаҳри Исфара ҳастам.

Бояд қайд намоям, ки зиёда аз ду моҳ мешавад, ки барқи моро ҳар рӯз 3 мартаба дар вақтҳои саҳарӣ, нимирӯзӣ ва бегоҳӣ хомӯш мекунанд.

  • Яъне вақти саҳар тахминан аз 1 то 2 соат (соатҳои 5:00-6:00 то 6:00-7:00);
  • нимирӯзӣ тахминан аз 1 то 2 соат (соатҳои 11:00-12:00 то 12:00-13:00);
  • бегоҳӣ тахминан аз 2 то 3 соат (соатҳои 17:00-18:00 то 20:00-21:00),
ки ҳар рӯз дар ҷамъ тахминан 4-5 соатро ташкил медиҳад.

Оё дар дигар навоҳии ҷумҳурӣ чунин бошад, ё ин танҳо дар Исфара аст?

Аламовараш ин аст, ки ҳеч кас аз шахсони масъули соҳа мардумро аз ин нақша огоҳ накардаанд ва ба мо ҳеҷ чиз намефаҳмонанд, гӯё ки дар таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ ягон муаммо вуҷуд надорад.

Наход, ки «лимит» то ҳол вуҷуд дошта бошад, ё дигар муаммо бошад, ё ин ки ягон пинҳонкории шахсони масъул. Барои чӣ боз барқро хомӯш мекунанду ба мардум чизе намегӯянд.

Боз чунин эҳсос мешавад, ки ин вазъият рӯз то рӯз бадтар мешавад ва интиқоли барқ бештару бештар қатъ мегардад.

Барои ҳамин аз Шумоён, рӯзноманигорони Радиои Озодӣ, эҳтиромона ҳоҳиш менамоям, ки аз имкониятҳои худ истифода бурда, масъалаи мазкурро ба миён гузоред ва барои ҳалли он мадад расонед.
Қаблан ташаккур.

Радиои Озодӣ: Сипосгузорем барои ин нома аз хонандаи арҷманд ва аз масъулони ширкати "Барқи тоҷик" ва ҳамчунин кормандони он дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд даъват мекунем, ба суоли ӯ посухи мушаххас диҳанд. Ҳамчунин ба хонандагон муроҷиат мекунем, ки дар бораи вақъи интиқоли нерӯи барқ дар маҳалли зисти худ маълумот диҳанд.
XS
SM
MD
LG