Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тифлис тарҳи табаддулоти давлатиро фош кард


Мақомоти Гурҷистон аз фош шудани нақшаи ташкили табаддулоти давлатӣ аз сӯи мухолифони ҳукумат ва хадамоти ҷосусии Русия хабар доданд.

Ба иттилоъи вазорати умури дохилии Гурҷистон, 8 нафар боздошт шудаанд, ҷустуҷӯи даҳҳо нафари дигар идома дорад.

Масъулини ин вазорат гуфтанд, ки дар ҷараёни ҳамоишҳои эътирозии як моҳи пеш собиқ вазири дифоъи Гурҷистон Ираклий Окруашвилӣ, ки айни ҳол дар Фаронса ба сар мебарад ва аъзои ҳизби ӯ бо кӯмаки низомиёни руси мустақар дар Осетияи ҷанубӣ тарҳи табаддулоти давлатиро кашиданд.

Боздоштшудаҳо баёнот доданд, ки онҳо охири моҳи апрел дар Владикавказ бо Окруашвилӣ мулоқот карда буданд.

Ба гуфтаи онҳо, Окруашвилӣ мехост бо кӯмаки 200 низомии рус ба Гурҷистон ворид шуда, Тифлисро ишғол кунад.
XS
SM
MD
LG