Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Русия ҳизби мухолифро сабт накарданд


Раҳбарони ҳизби ПАРНАС-и мухолифи ҳукумати Русия
Раҳбарони ҳизби ПАРНАС-и мухолифи ҳукумати Русия
Вазорати адлияи Русия аз сабти номи ҳизби мухолифи ҳукумат даст кашидааст. Моҳи гузашта собиқ сарвазири ин кишвар Михаил Касянов, собиқ муовини сарвазири Борис Немтсов ва як идда сиёсатмадорони маъруфи Русия ҳизберо зери унвони ПАРНАС ва ё Ҳизби Озодии Мардум ташкил карда, аризаи сабти номи он дар вазорати адлияро пешниҳод карданд. Вазорати адлия мегӯяд, ки дар ариза чанд хатои фаннӣ пайдо кардаву дар он номи шахсоне зикр шудааст, ки аслан вуҷуд надоранд. Баъзе афроди дигар узвияташон дар ин ҳизбро рад кардаанд. Тибқи қонунҳои Русия дар интихоботи парламентиву президентии ин кишвар фақат ҳизбҳое имкони пешниҳоди номзад доранд, ки расман дар вазорати адлия сабт шудаанд.
XS
SM
MD
LG