Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз Башшор Асад хост, аз сухан ба амал гузарад


Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, бӯҳрон дар кишварашро кори дасти “гурӯҳҳои табаҳкор” хонда ва хостори муколамаи миллӣ шуд, аммо давлати Амрико ба ӯ гуфт, аз сухан ба амал гузарад. Башшор Асад, дар суханронии телевизионӣ, нерӯҳои номаълумеро масъули қатлу куштор дар Сурия хонд. Аммо Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико дар Вашингтон гуфт, режими Сурия бояд ба қатли мардуми бегуноҳ хотима диҳад: "Бисёре аз мардуми бегуноҳи қурбоншуда дар Сурия ба дасти маъмурони амниятӣ кушта шуданд. Аз ин рӯ бояд давлати Сурия ҳамин ҳоло аз сухан ба амал гузарад." Аз замони шурӯъи тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Сурия, аз моҳи март то кунун, дар ҷараёни саркӯби тазоҳургарон бештар аз 1400 нафар кушта шудаанд. Бештар аз 10 ҳазор нафар ҳам аз Сурия ба Туркия фирор карданд ва 10 ҳазор нафари дигар дар наздикии марзи Туркия паноҳ бурдаанд.
XS
SM
MD
LG