Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Раиси ҷумҳури пешини Тунис ба зиндон маҳкум шуд

Зайнулобиддин Бин Алӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Тунис ва ҳамсараш ҳар яке бо гуноҳи дуздӣ ва қонуншиканиҳои дигар ба 35 соли зиндон маҳкум шуданд. Додгоҳ ҳукмро дар ғайби онҳо кард, ки ҳарду баъди қиёмҳои мардумӣ дар моҳи январ ба Арабистони Саудӣ гурехтанд. Додгоҳи Тунис ҳамчунин амр додааст, то раиси ҷумҳури пешин ва ҳамсараш 66 миллион доллар ҷарима бипардозанд. Дар муҳокимаи тӯлонӣ, иттиҳомоти дуздӣ, фасодкорӣ, қочоқи маводи мухаддир баррасӣ шуд, ки ҳамаи онҳоро раиси ҷумҳури собиқи Тунис рад кардааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Рӯйхати амволи Гулнора Каримова дар Бритониё нашр шуд

Гулнора Каримова.

Нашрияи бритониёии The Times номгӯи амволи Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримовро дар Бритониё нашр кард.

Ҳамаи ин амвол мумкин аст, мусодира шавад. Дар ин рӯйхат як қаср дар Суррей ва ду манзил дар минтақаҳои гаронбаҳои шаҳри Лондон зикр шудааст, ки арзиши умумиашон 40 млн фунт стерлинг (52 миллион доллар) аст.

Заминеро дар минтақаи Суррей Каримова бо қимати 23,5 млн доллар дар соли 2010 харидааст. Ҳоло қимати ин амвол ба 39 млн доллар расидааст.

Додгоҳии олии Узбекистон рӯзи 8-уми январ тасдиқ кард, ки дар шаҳри Тошканд муҳокимаи парвандаи нави Каримов шуруъ шуда, пушти дарҳои баста идома мекунад.

Дар баробари Каримова чанд шахси дигар ба додгоҳ кашида шудаанд. Онҳо дар "шомил будан дар гуруҳи ҷиноӣ ва содир кардани ҷиноятҳои марбут ба тамаъҷӯӣ, дуздии маблағҳои буҷа ва қонунисозии пулҳои аз роҳи номашруъ бадастомада" айбдор мешаванд.

Соли 2017 Гулнора Каримоваро дар Узбекистон 10 сол зиндонӣ карданд. Вай дар сарпечӣ аз пардохти андоз, дуздӣ, тамаъҷӯӣ ва маҳвсозии ҳуҷҷатҳои ширкатҳои офшорӣ айбдор шуд.

Дар Қазоқистон 5 мусофири дигари аз Чин баргаштаро бистарӣ карданд

Жандарбек Бекиш, сардухтури бахши беҳдоштии Қазоқистон рӯзи сешанбе хабар дод, ки ҳадди ақал панҷ мусофири дигари аз Чин баргашта бо нишонаҳои мубталоӣ ба вируси нав бистарӣ шуданд.

Ба гуфтаи сардухтур, ду кӯдаки як хонавода таби баланд доштанд. "Аъзои болиғи хонавода ҳарчанд нишонаҳои ошкори мубталоӣ ба вируси навро надоштанд, аммо ба далели он, ки бо кӯдакони худ дар робита буданд, бистарӣ шуданд",гуфт Бекшин. Вай ҳамзамон аз шаҳрвандони Қазоқистон хост, ҳар нафаре, ки баъди 6-уми январ аз Чин баргаштааст, ба бемористонҳои маҳаллӣ муроҷиат ва аз ташхис гузарад.

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон пештар аз ин хабар дод, ки дар робита ба паҳншавии вируси нав дар Чин раводидро барои шаҳрвандони Чин маҳдуд кардааст. Ҳукумати Қазоқистон низоми 72-соатаи равуои транзитии бидуни визаро барои шаҳрвандони Чин манъ кард, ҳамчунин дарёфти визаи электронӣ ба маҳзи расидан дар фурудгоҳҳои Қазоқистон барои шаҳрвандони Чин манъ шудааст. Ба ҷуз ин, барои дарёфти визаи Қазоқистон ҳамакнун аз шаҳрвандони Чин санади тиббӣ талаб карда мешавад.

Ин дар ҳолест, ки як рӯз пештар аз ин мақомоти Қазоқистон гуфтанд, дар ҷисми 23 тан аз мусофироне, ки ахиран аз Чин ба Қазоқистон омаданд, таби баланд ошкор шуда ва чаҳор тан аз онҳо бо нишонаҳои гирифторӣ ба вируси нав дар бемористон бистарӣ гардиданд. Дар ин бора Елжан Биртанов, вазири тандурустии Қазоқистон хабар дода буд.

"То кунун аз Чин ба кишвари мо 25 ҳазору 858 кас ворид шудааст, ки инҳо шаҳрвандони Қазоқистон ва бархе шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд. Ҳамаи онҳо аз ташхис гузаронида мешаванд",-афзуд вазир.

Бино ба маълумоти ахир, аз вируси нав аллакай дар ҷаҳон 106 кас ҷон бохта, ҷамъан 4,5 ҳазор нафар ба он гирифтор шудааст. Ин вирус нахуст дар шаҳри Вуҳони Чин пайдо шуда буд, ки 11 миллион аҳолӣ дорад.

Дар баробари Чин, вируси нав дар Австралия, Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон, Ҳонгконг, ИМА, Канада, Фаронса ва Тайван низ ошкор шудааст.

Тазоҳуроти қирғизистониҳо зидди бунёди маркази ҳамлу нақл аз сӯи чиниҳо

Дар ноҳияи Ат-Башии Қирғизистон 28-уми январ сокинон зидди бунёди як маркази ҳамлу нақл даст ба тазоҳурот заданд.

Намояндаи ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Норин Нозгул Мусуралиева гуфт, тазоҳургарон 50-60 нафар буданд, ки аксарашон тоҷирони ноҳия мебошанд.

"Онҳо ба бунёди маркази ҳамлу нақл аз сӯи сармоягузорони чинӣ эътироз карданд. Агар онро сармоягузорони қирғиз бунёд кунанд, розӣ ҳастанд. Баъди он ки ба онҳо гуфта шуд талабҳояшонро ба раҳбарият мерасонанд, пароканда шуданд", - афзуд Мусуралиева.

Моҳи июни соли 2019 форуми соҳибкорони қирғизу чинӣ баргузор шуд. Дар он ҷамъан 24 санад имзо гашт. Яке аз ин санадҳо созишнома миёни ширкатҳои "Нур Строй Монтаж" ва "One Lead One (HK) Trading Limited" дар бораи бунёди маркази тиҷорӣ-ҳамлу нақл ба маблағи 280 миллион доллар буд.

Задухӯрди нирӯҳои амниятии афғон ва Толибон дар Ғазнӣ

Ҳавопаймое, ки дар вилояти Ғазнии Афғонистон сарнагун карда шудааст. 27-уми январи 2020

Мансабдорон ва гурӯҳи ҷангҷӯён мегӯянд, ки нерӯҳои амниятии Афғонистон ва ҷангиёни Толибон дар вилояти марказии Ғазнӣ бо ҳам задухӯрд карданд. Он ҷо як ҳавопаймои низомии Амрико сарнагун шудааст ва ҳукумат кӯшиш дорад, ба онҷо расад.

Низомиёни Амрико мегӯянд, ҳавопаймои Bombardier E-11A, ки барои назорати электронӣ дар Афғонистон истифода мешавад, рӯзи 28-уми январ дар ноҳияи Деҳяк сарнагун шуд.

Толибон даъво доранд, ки ҳавопайморо сарнагун кардаанд. Ҳарбиён нагуфтаанд, ки чанд нафар дар ҳавопаймо буд ва оё касе кушта шудааст, ё не.

Ба гуфти сардори полиси вилояти Ғазнӣ, Холид Вардак, нерӯҳои амниятии Афғонистон шоми 27-уми январ, ҳангоми рафтан ба ҷойи ҳодиса аз сӯи ҷангҷӯёни Толибон ба камин гирифта шуданд ва ақибнишинӣ карданд.

“Ҷойи ҳодиса аз тарафи қувваҳои ҳавоӣ фаро гирифта шудаст. Баъзеҳо мегӯянд, дар онҷо ду ҷасад ҳаст, аммо баъзе одамон зиёдтар мегӯянд,” – гуфтааст Вардак ба хабаргузории “Франс-Пресс” рӯзи 28-уми январ.

Reuters ба нақл аз ин мақоми расмӣ рақамҳои гуногун меорад: “Ба маълумоти мо, дар ҳавопаймо 4 ҷасад ва ду нафар зинда буданд, ки гум шудаанд.”

Сухангӯи полиси Ғазнӣ Аҳмадхон Сират набард ва будани нирӯи ҳавоиро тасдиқ кард ва афзуд, ҳадди ақал як нафар дар набард кушта шудааст.

Омодагии Эрон барои сар додани мушаке ба фазо

Акс аз навори телевизиони давлатии Эрон гирифта шудааст

Бино ба гузоришҳо, тасвирҳои моҳвораӣ нишон медиҳанд, ки Эрон барои сар додани мушаке ба фазо омодагӣ мегирад.

Ду санҷиши мушакии Эрон барои партофтани моҳвора ба ҳаво дар соли равон ба шикаст рӯбарӯ шудааст. Амрико ин барномаро паноҳе барои устувории мушакҳои баллистикӣ медонад, ки дар сар додани кӯлоҳаки ҳастаӣ низ ба кор бурда мешавад.

Муҳаммадҷавод Озарии Ҷаҳромӣ, вазири иртиботот ва фанноварии иттилоот, рӯзи 27-уми январ дар Твиттер тасдиқ кард, ки Эрон дар ҳоли омода кардани сайти мушакӣ барои сар додани моҳворае ба номи “Зафар” аст.

"Бале, сайт барои ҷойгир кардани моҳвораи Зафар дар мадор омода шуда истодааст," -- гуфт ӯ рӯзи 27-уми январ.

Вай дар ҷавоб ба гузориши расонаҳои амрикоӣ гуфтааст, Эрон дар ҳоли омодашавӣ барои сар додани мушак аз маркази кайҳонии Имом Хумайнӣ дар вилояти Семнон мебошад.

Вазир гуфта, ки Теҳрон ба нақша гирифтааст, имсол панҷ моҳвораи дигарро ба мадор фиристад. Эрон аз соли 2009 якчанд моҳвораро ба мадор фиристодааст.

Иёлоти Муттаҳида Теҳронро дар истифодаи ин фанноварӣ ҳамчун як кӯшиш барои рушди мушакҳои баллистикӣ, ки тавони расондани яроқи атомиро дошта бошанд, гунаҳкор мекунад.

Эрон инро рад кардааст.

Теъдоди қурбониёни вирус дар Чин ба 106 нафар расид

Мақомоти Чин рӯзи 28-уми январ гуфтанд, теъдоди ҳалокшудагон аз сирояти вируси нав дар Чин ба 106 нафар расидааст ва мақомот бештар аз 1700 мавриди нави сирояти ин бемории роҳҳои нафасро сабт кардаанд.

Ба гуфтаи вазорати тандурустии Чин то рӯзи 27-уми январ вирус ба 4515 нафар дар саросари кишвар сироят кардааст. Дар дигар кишварҳои ҷаҳон 48 мавриди сирояти беморӣ собит шудааст ва аксари онҳо ё сайёҳони чинӣ ҳастанд ва ё онҳое, ки чанде пеш ба Чин сафар кардаанд.

Пештар аз эълони омори нав дар бораи беморон, Муғулистон, Кореяи Шимолӣ, Қирғизистон гуфтанд, ки марзҳояшон бо Чинро мебанданд. Ҳонк Конг ва Малайзия гуфтанд, ки сокинони вилояти Вуҳанро, ки вирус дар онҷо пайдо шуд, аз ҳаққи вуруд ба қаламравҳояшон маҳрум мекунанд.

Маркази ҷилавгирӣ ва назорати бемориҳо дар Амрико рӯзи 27-уми январ ба мардум тавсия дод, ки бидуни зарурат ба Чин сафар накунанд. Ҳукумати Канада низ аз мардумаш хост ба вилояти Ҳубей, маркази густариши беморӣ нараванд.

Мақомоти Чин мегӯянд, ки вируси нав қавитар шудааст ва зуд аз инсон ба инсон сироят мекунад. Ба ширкатҳои сайёҳӣ тавсия додаанд, ки сафари ҷаҳонгардон ба маконҳои диданиро лағв кунанд. Олмон рӯзи 27-уми январ аз сирояти беморӣ ба як нафар дар қаламраваш хабар дод.

Бемории мазкур мисли зукоми маъмулӣ ва ё бемории илтиҳоби шуш аст. Мавридҳои сирояти вируси нав дар Камбоҷа, Шри Ланка, Малайзия, Куриёи Ҷанубӣ, Тайван, Таиланд, Канада, Непал, Вйетнам, Арабистони Саудӣ, Сингапур, Ҷопон, Амрико Фаронса ва Австралия сабт шудааст.

Як хабарнигорро аз ҳаққи сафар бо Помпео маҳрум карданд

Майк Помпео, Вазири умури хориҷии Амрико.

Мақомоти расмӣ як хабарнигори Радиои Ҷамъиятии Амрикоро аз феҳрасти хабарнигороне, ки бояд Майк Помпео, Вазири умури хориҷиро дар сафараш аз ҷумла ба Осиёи Марказӣ ҳамроҳӣ мекарданд, хориҷ кардааст.

Радиои Ҷамъиятии Амрико ва Анҷумани Хабарнигорони Вазорати умури хориҷӣ рӯзи 27-уми январ гуфтанд, ки Мишел Келеман аз феҳраст берун карда шуд. Намояндагони анҷуман гуфтанд, роҳ надодани Келеман, ниқор гирифтан аз Радиои Ҷамъиятии Амрико аст, ки рӯзе пештар хабарнигори дигари он Мери Луиз Келли бо як суоле дар бораи Украина, Майк Помпеоро асабонӣ кард.

Шон Тандон, раиси анҷуман гуфт: “Ҳайати хабарнигорони анҷуман аз пеш ба таври расмӣ ҳаққи ҳамроҳӣ кардани вазирони умури хориҷиро дошт ва танбеҳ додани узви анҷуманро мо ғайриқобили қабул мешуморем".

Мери Келли рӯзи 24-уми январ дар мусоҳиба бо Майк Помпео аз ӯ пурсидааст, ки чаро Мария Йованович, сафири Амрико дар Украинаро, ки Доналд Трамп ӯро аз мақомаш барканор кард, тарафдорӣ накардааст.

Майк Помпео аз ин суол ба хашм омада ва аз идомаи мусоҳиба даст кашидааст. Майк Помпео ба зудӣ ба Бритониё, Белорус, Украина ва кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар мекунад.

Табибони туркман ҳақ надоранд ҳини кор аз телефони мобилӣ истифода кунанд

Роҳбарияти мақомоти тандурустии Туркманистон аз табибон талаб кардааст, ки телефонҳои ҳамроҳашонро ҳангоми ба коргоҳ омадан дар хона монанд ва ё дар ихтиёри сардухтур гузоранд.

"Дар шифохонаҳо ҳам ба табибон истифодаи телефонро манъ карданд. Ба онҳо дастур шудааст, ки телефонҳояшонро ё дар хона монанд ва ё дар коргоҳ ба дасти сардухтур диҳанд",- гуфт як сокини маҳаллӣ.

Пештар аз ин истифодаи телефонҳои мобилиро дар муассисаҳои таълимии он кишвар манъ карда буданд. Дар ҷаласаҳои волидон ба падару модарони хонандаҳо сабабҳои манъи телефонҳои ҳамроҳро шарҳ доданд.

Омӯзгорон гуфтанд, доштани телефони мобилӣ ба кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад. Баъдтар хабар расид, ки дар Туркманистон омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ҳам аз истифодаи телефони мобилӣ маҳрум шудаанд.

Дар Узбекистон се бародар аз бӯи газ ҷон бохтанд

Дар ноҳияи ба номи Шароф Рашидови Узбекистон се бародар -- 8, 12 ва 14-сола аз бӯи газ ба ҳалокат расидаанд. Модарашон дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дорад.

Ҷасадҳоро падарашон баъди бозгашт аз кор, тақрибан соатҳои 5-и рӯзи 25-уми январ пайдо кардааст.

Намояндаи Вазорати тандурустии Узбекистон гуфт, "бино ба маълумоти пешакӣ, кӯдакон ҳангоми хоб аз бӯи газ заҳролуд шудаанд".

Манбаъ афзуд, бӯи газ аз таҳхонаи ҳуҷра, ки дар онҷо дастгоҳи гармидиҳӣ насб буд, хориҷ шудааст.

Матраимовҳо шикояташонро зидди хабаргузории 24.kg пас гирифтанд

Райимбек Матраимов, муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон.

Хонаводаи Райимбек Матраимов, муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон аз шикояти худ зидди хабаргузории 24.kg даст кашид. Дар ин бора вакили дифоъ Канатбек Азиз дар шабакаи иҷтимоии Facebook иттилоъ дод. Пештар 24.kg матлаберо бо унвони "хабаргузорӣ дар бораи даст доштани Матраимов дар қочоқ далеле надорад" нашр кард.

"Хабаргузорӣ ҳангоми нашри матлаб ба таҳқиқоти рӯзноманигории бахши қирғизии Радиои Озодӣ ва Kloop истинод карда буд. Худи хабаргузории "24.kg" дар ин замина таҳқиқотеро анҷом надодааст",-навишт 24.kg.

Хонаводаи Матраимовҳо 9-уми декабри соли гузашта барои ҳифзи обрӯй ва шарафи худ зидди бахши қирғизии Радиои Озодӣ, рӯзноманигор Алӣ Токтакунов, сомонаҳои 24.kg ва Kloop.kg ба додгоҳ шикоят бурданд.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар якҷоягӣ бо Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ва сомонаи Kloop.kg қисмати дувуми таҳқиқоти рӯзноманигориро дар бораи ба хориҷ бурдани 700 миллион доллар аз Қирғизистон нашр карданд.

Рӯзи 10-уми ноябр дар шаҳри Истамбули Туркия яке аз чеҳраҳои калидии таҳқиқоти рӯзноманигорӣ - тоҷири чинӣ Айэркен Саймаитӣ кушта шуд. Вай дар суҳбат бо рӯзноманигорон иқрор шуда буд, ки хонаводаи муовини пешини раиси Хадамоти гумрук Раимбек Матраимов дар фасодкорӣ даст дорад.

Матраимов дар навбати худ гуфт, дар интиқоли ғайриқонунии 700 миллион доллар аз Қирғизистон ба хориҷ даст надорад ва маълумоти рӯзноманигорон дар таҳқиқот дурӯғ аст.

SIPRI: Чин дар истеҳсоли аслиҳа Русияро гузашт

Коршиносони Пажӯҳишгоҳи мушкилиҳои ҷаҳон дар Стокҳолм (SIPRI) бори нахуст имкон пайдо карданд, ки ҳаҷми силоҳи истеҳсолкардаи ширкатҳои чиниро таҳлил кунанд.

Тавре маълум шуд, чаҳор ширкати чинӣ дар соли 2017 ба маблағи 16,4 миллиард доллар силоҳ фурӯхтаанд, ки назар ба даҳ рақиби бузургтарини русашон бештар аст. Ҳамин тариқ Чин пас аз ИМА дувумин кишваре ба ҳисоб меравад, ки аслиҳаи бештар истеҳсол мекунад.

Дар гузашта таҳлили ҳаҷми истеҳсоли силоҳ аз сӯи ширкатҳои чинӣ номумкин буд. Вале мутахассисон баъд аз баромадани ширкатҳо ба биржа тавонистаанд, дар асоси "иттилои муътамади молӣ" истеҳсоли силоҳ дар ширкатҳои чиниро дар солҳои 2015 то 2017 баррасӣ кунанд.

Ба иттилои SIPRI, соли 2017 ба гуруҳи кишварҳои бистгонаи бузургтарин истеҳсолкунандагони силоҳ 11 ширкати амрикоӣ, шаш ширкати аврупоӣ ва се ширкати русӣ шомил шудаанд. Агар ин раддабандӣ ҳоло таҳия мешуд, чаҳор ширкати чинӣ ба гуруҳи бистгона шомил мешуданд.

Бино ба маълумоти SIPRI, Русия аз нигоҳи истеҳсоли силоҳ дар ҷаҳон ба раддаи севум поин фаромадааст. Пажӯҳишгоҳ моҳи декабри соли гузашта хабар дод, ки ширкати русӣ соли 2018 ба маблағи 36,2 миллиард доллар – 8,6 дарсади ҳаҷми умумӣ дар ҷаҳон силоҳ фурӯхтааст. ИМА дар ин сол ба маблағи 246 миллиард доллар (59 дарсади ҳаҷми умумӣ) силоҳ фурӯхта, хадамоти низомӣ расонидааст.

Барканорӣ ва таъйини раисони чанд ноҳия ва ниҳодҳои давлатӣ дар Тоҷикистон

Таъйини кадрҳои нав дар баъзе аз ниҳодҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон

Раисони чанде аз ноҳияҳои вилояти Суғд ва Хатлон "бо сабаби ба кори дигар гузаштан" аз мақомҳои худ озод ва дар вазифаҳои нав таъйин шудаанд. Ҷойивазкунии кадрҳо рӯзи 27-уми январ сурат гирифтааст. Мунтақидон ҳамвора аз чунин ҷобаҷогузорӣ интиқод мекунанд.

Бар асоси фармонҳои раиси ҷумҳур

Сиҷоуддин Саломзода аз вазифаи раиси Исфара,

Акрам Сулаймонзода аз вазифаи раиси ноҳияи Спитамен,

Комил Салимзода аз вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов,

Муҳаммадҷобир Раҷабзода аз вазифаи раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд,

Абдуалим Исмоилзода аз вазифаи раиси шаҳри Бохтар,

Маърифат Зоирзода аз вазифаи раиси ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон

озод шудаанд.

Сиҷоуддин Саломзода ҳамагӣ моҳи декабри соли 2018 ба мансаби раиси шаҳри Исфара расида буд. Ин минтақа ба сабаби номуайянии хатти марз бо вилояти Бодканди Қирғизистон яке аз маҳалҳои муноқишахез ба шумор меравад. Ҳафтаи гузашта сардори Идораи умури дохилии Исфара низ иваз шуд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи душанбе хабар дод, ки Сиҷоуддин Саломзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон таъйин шудааст.

Инчунин, дар ин рӯз

Акрам Сулаймонзода – иҷрокунандаи раиси шаҳри Исфара,

Темур Нуъмонзода – иҷрокунандаи раиси ноҳияи Спитамен,

Тоҳир Қудратзода – иҷрокунандаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов,

Хайрулло Бобозода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд,

Шералӣ Ҷалилзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон таъйин гардиданд.

Дар тағйироти дигар, Амонулло Салимзода ба ҷойи Изатулло Сатторӣ вазири кишоварзӣ ва Олимҷон Муҳаммадҷонзода ба ҷойи Гавҳар Шарофзода раиси Кумитаи забону истилоҳот тайъин шудаанд.

Сабаби аз мансаби вазири кишоварзӣ рафтани Сатторӣ "ба кори дигар гузаштан" гуфта шудааст.

Шарофзода, ки бо баҳсҳояш бо расонаҳо ва соҳибони фурӯшгоҳҳо дар бораи забон ва баъзе истилоҳҳои байналамилалӣ маъруф буд, номзади ҳизби ҳоким ба мақоми вакили порлумон дар интихоботи моҳи март аст.

Ширин Амонзода раиси нави Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Абдулло Раҳмонзода раиси нави Кумитаи ҷавонон ва варзиш шудаанд. Курсии раиси Кумитаи ҷавонон баъди ба дастгоҳи иҷроияи президент рафтани раҳбари пешинаш Аҳтам Абдуллозода чанд рӯз боз холӣ буд. Абдулло Раҳмонзода дар гузашта ба ҳайси раиси дафтари ҳизби ҳоким дар Хатлон кор кардааст.

Ҳамасола дар остона ва баъд аз ҷаласаи солонаи ҳукумат дар сохторҳои давлатӣ тағйиротҳои кадрӣ сурат мегирад. Мунтақидон аксаран чунин тағйиротро танқид мекунанд, ки ба гуфтаи онҳо асосан аз ҷойивазкунии кадрҳои куҳна ва содиқ ба ҳукумат иборат аст.

Болтон шарҳ дод, ки чаро Трамп кӯмаки низомӣ ба Украинаро ба таъхир андохт

Доналд Трамп (аз чап) ва Ҷон Болтон (аз рост). 9-уми апрели соли 2018.

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп моҳи август гуфтааст, мехоҳад, то замоне, ки Украина дар таҳқиқи фаъолиятҳои рақибони сиёсиаш кӯмак накунад, ихтисоси кӯмаки низомӣ ба онро боздоранд. Дар ин бора рӯзи 26-уми январ нашрияи "Ню-Йорк Таймс" гузориш дод.

Нашрия як дастхати Ҷон Болтон, мушовири собиқи амниятии ҳукумати Доналд Трампро тасвир кардааст, ки барои арзёбии қабл аз нашр ба ҳукумати Кохи Сафед фиристодаанд. Дар Амрико агар мақоми собиқе китобе нашр карданӣ бошад, бояд барои арзёбӣ ва мутолиаи пешакӣ ба ҳукумат бидиҳад.

Чарлз Купер, вакили дифои Ҷон Болтон рӯзи 26-уми январ ба расонаҳои Амрико гуфтааст, ки ӯ дастхатро рӯзи 30-уми декабр ба Шӯрои Амнияти Миллии Амрико фиристодааст. Кохи Сафед ҳанӯз ин масъаларо шарҳ надодааст.

Гурӯҳи вакилони дифои Доналд Трамп рӯзи 25-уми январ дар муҳокимаи парвандаи эълони нобоварӣ дар Сенати Амрико гуфтаанд, ки ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки Доналд Трамп аз Украина хостааст, фаъолиятҳои рақибони сиёсии ӯ, аз ҷумла Ҷо Байден, рақиби эҳтимолиаш дар интихоботи ояндаи раиси ҷумҳурро таҳқиқ кунад. Писари Ҷо Байден дар гузашта узви Шӯрои мудирони як ширкати энержии Украина будааст.

Ҳалокати 7 нафар дар ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Балх

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоӣ дар вилояти Балх 7 нафар кушта шуданд. Ба гуфтаи мақомот, дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоӣ Балх дар рӯзи 25-уми январ 3 зан ва 4 кӯдак ҷон додаанд.

Садҳо нафар баъди ин ҳодиса роҳи аслӣ ба ноҳияро баста ва дар назди қароргоҳи ҳукумат ҷамъ омадаанд ва талаб кардаанд, ки ҳодиса таҳқиқ шавад.

Хайбар Амирӣ, яке аз баргузоркунандагони тазоҳурот ба Радиои Озодӣ гуфт, нерӯҳои ҳукуматӣ бо ҳадаф гирифтани хонаҳои "мардуми оддӣ дар байни онҳо ваҳшат бармеангезанд".

Нерӯҳои Афғонистон ба зидди ҷангҷӯёни Толиб дар вилояти Балх амалиёт анҷом медиҳанд. Ин вилоят бо Тоҷикистону Узбекистон ҳаммарз аст.

Вазорати дифои Афғонистон гуфт, ки як гуруҳи ҳақиқатёбро барои таҳқиқи гузоришҳо дар бораи марги ғайринизомиён ба Балх фиристодааст. Ба гуфтаи вазорат, дар амалиётҳо ба зидди Толибон дар 24 соати гузашта 51 нафар аз ҷангҷӯёни ин гурӯҳро куштанд.

Узбекистон гуфт, 30 донишҷӯро аз Чин бармегардонад

Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Узбекистон рӯзи 25-уми январ хабар дод, ки 30 тан аз донишҷӯёни узбек, ки дар шаҳри Вуҳани Чин - маркази хуруҷи вируси нав - боқӣ мондаанд, ба кишвар баргардонида мешаванд.

"Дар ҳоли ҳозир вазорати корҳои хориҷӣ ва вазорати тандурустӣ дар ин маврид талош доранд", - гуфт Комилов. Вай санаи дақиқи баргардонии донишҷӯёнро зикр накард.

Ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Узбекистон, дар Вуҳани Чин ҳудуди 250 тан аз шаҳрвандони Узбекистон истиқомат доранд, ки асосан донишҷӯ ҳастанд. Бисёре аз онҳо дар даври таътилҳои зимистонӣ ба Узбекистон баргаштаанд.

Пештар аз ин даҳҳо донишҷӯи узбек аз мақомоти кишварашон хостанд, ки онҳоро ба Узбекистон баргардонанд.

Бино ба маълумоти ахир, аз вируси нав аллакай дар ҷаҳон 56 кас ҷон бохта, ҷамъан 1975 нафар ба он гирифтор шудааст. Ин вирус нахуст дар шаҳри Вуҳони Чин пайдо шуда буд, ки 11 миллион аҳолӣ дорад.

Дар баробари Чин, вируси нав дар Австралия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Ҳонгконг, ИМА, Канада, Фаронса ва Тайван низ ошкор шудааст.

Майк Помпео дар Тошканд бо Сироҷиддини Муҳриддин мулоқот мекунад

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео тасмим дорад, ҳафтаи равон дар доираи як сафар аз Бритониё, Украина, Белорус, Қазоқистон ва Узбекистон дидан кунад. Интизор меравад, дар ҷараёни ин сафар дидори ӯ бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддини Муҳриддин дар шаҳри Тошканд баргузор шавад. Дертар, дар моҳи март мулоқоти дигари онҳо дар чаҳорчӯби машваратҳои сиёсии ИМА ва Тоҷикистон дар Вашингтон сурат гирад.

Помпео дар Қазоқистон барои "таъйиди сулҳ, шукуфоӣ ва амният дар Осиёи Марказӣ" бо президент Қосимҷомарт Тоқаев, президенти пешин Нурсултон Назарбоев ва вазири умури хориҷии он кишвар Мухтор Тлеубердӣ дидору гуфтугӯ мекунад.

Котиби давлатии ИМА рӯзҳои 2-3 феврал барои "изҳори ҷонибдории Вашингтон аз ислоҳоти ҷорӣ дар Узбекистон, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии ин кишвар" бо президент Шавкат Мирзиёев ва вазири умури хориҷӣ Абдулазиз Комилов мулоқот хоҳад кард.

Ӯ ҳамчунин дар шаҳри Тошканд бо вазирони умури хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон вохӯрда, ҷонибдории ИМА-ро аз рушди Осиёи Марказӣ дар доираи шакли "С5+1" баён мекунад.

Қарор буд, сафари Пампео ба ин кишварҳо аввали моҳи январ сурат гирад, вале ба далели ташаннуҷи авзоъ дар Ховари Миёна ба таъхир афтод.

Табибони қирғиз барои наҷоти бабри барфӣ талош доранд

Дар Қирғизистон чандин ҳафта мешавад, табибон барои наҷоти бабри барфие талош доранд, ки бо захми тир дар вилояти Талас пайдо шуда буд. Вазъи сиҳатии бабр оҳиста-оҳиста барқарор мешавад, вале зоҳиран ӯ ба муҳити зисти пештарааш баргашта наметавонад.

"Таваҷҷуҳи мардум одамро хушҳол месозад. Одамони зиёде занг мезананд. Бархеҳо пешниҳод мекунанд, ки гӯшт биёранд ва бархеҳо омада, пул медиҳанд",-афзуд раҳбари бунёди ҷамъиятии "Бугу-Эне" Салтанат Сеитова.

Ин бабри барфиро сокинони вилояти Талас дар ҷангал бо захми тир пайдо карданд. Ӯро зуд ба бемористон интиқол доданд. Мутахассисон муайян карданд, ки бабри барфи ду сол дорад. Ҳоло ӯро Жаабарс ном мондаанд.

Онҳое ки Жаабарсро парондаанд, ҳоло ҳам ҷустуҷӯ мешаванд. Дар робита ба шикори ғайриқонунии бабри барфӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар Қирғизистон номи ин ҳайвон ба Китоби сурх ворид карда шудааст. Ба ҳисоби коршиносон, дар он кишвар ҳудуди 7 ҳазор бабри барфӣ боқӣ мондааст.

Дастури Тоқаев барои пешгирии вируси "чинӣ"

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар Твиттер навишт, ки ба ҳукумат дастур додааст, барои пешгирии паҳншавии вируси нав - "коронавирус" аз Чин ба ин кишвар тамоми чораҳои қатъиро биандешад.

Фаъолияти бахши қазоқистонии маркази байналмилалии ҳамкориҳои назди марзии "Хоргос" муваққатан қатъ ва назорат дар фурудгоҳ ва дар марз бо Чин сахттар шудааст. Ин тасмими 26-уми январ дар ҷаласаи ҳукумати Қазоқистон ба раҳбарии сарвазир Аскар Мамин гирифта шуд.

Дар ҷаласа қарор шуд, "назорати санитарию эпидемиологӣ ва муҳоҷирон дар гузаргоҳҳои марзӣ, аз ҷумла дар истгоҳҳои роҳи оҳан ва фурудгоҳҳо сахттар карда шавад".

Бино ба маълумоти ахир, аз вируси нав аллакай дар ҷаҳон 56 кас ҷон бохта, ҷамъан 1975 нафар ба он гирифтор шудааст. Ин вирус нахуст дар шаҳри Вуҳони Чин пайдо шуда буд, ки 11 миллион аҳолӣ дорад.

Дар баробари Чин, вируси нав дар Австралия, Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон, Ҳонгконг, ИМА, Канада, Фаронса ва Тайван низ ошкор шудааст.

Баскетболбози машҳури амрикоӣ Кобӣ Брайант ба ҳалокат расид

Кобӣ Брайант

Кобӣ Брайант, баскетболбози машҳури амрикоӣ, узви дастаи “Лос-Анҷелис Лейкерс” дар садамаи чархбол дар Калифорния ба ҳалокат расид. Ба гузориши расонаҳои амрикоӣ ҳамроҳи ӯ духтарчаи 13-солаш низ дар ин тасодуф ҷон додааст.

Чархболе, ки дар он Брайанту духтараш ва се нафари дигар барои ширкат дар мусобиқа парвоз мекарданд, дар шимоли Лос-Анҷелис, дар наздикии шаҳри Калабасас сарнагун шудааст.

Брайант 41 сол дошт.

Вай пас аз хатми мактаби миёна дар соли 1996 узви лигаи баскетболбозони касбии ИМА шуд ва ҷавонтарин бозигар дар таърихи ин иттиҳод ба шумор мерафт.

Брайант дар 20 мавсим дар ҳайати "Лэйкерс" бозӣ карда, панҷ бор қаҳрамони ҷаҳон шуд. Бо қадди 198 сантиметр ва маҳорати хоси бозӣ Брайант ду дафъа арзишмандтарин бозигари Иттиҳоди баскетболбозони Амрико ва як дафъа арзишмандтарин бозигари ҷоми қаҳрамонӣ пазируфт шуда буд.

Вай дар ҳайати дастаи миллии ИМА ду дафъа унвони қаҳрамон ва нишони тилои олимпӣ ба даст оварда буд.

Дар соли 2018 Брайант барои таҳияи филми амниматсионии кутоҳи "Баскетболи азиз" Ҷоизаи “Оскар” гирифт. Маҷаллаи амрикоии Sports Illustrated ӯро яке аз панҷ варзишгари беҳтари даҳа эълон намудааст.

Хабарнигорони тоҷик дар интихобот ба чӣ ҳақ (на)доранд?

Акс аз интихоботҳои гузаштаи Тоҷикистон

Масъулони Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) гуфтанд, ки хабарнигорон метавонанд ҷараёни овоздиҳиро дар интихоботи порлумонии моҳи март сабт кунанд, вале дар ҳудуди нуқтаҳои ройдиҳӣ назарсанҷӣ ё «экзит пол» манъ аст.

Академик Носирҷон Салимӣ, узви доимии КМИР, рӯзи 24-уми январ дар нишасте дар Душанбе гуфт, «аммо хабарнигорон ё намояндагони созмонҳо метавонанд берун аз ҳудуди қитъаи раъйдиҳӣ назари овоздиҳандаро бипурсанд.»

Ӯ афзуд, Кумисюн талош мекунад интихобот шаффоф баргузор шавад ва «хабарнигорон дар инъикоси ин раванди муҳими сиёсии Тоҷикистон нақши умда доранд».

Аммо Аваз Назаров, коршиноси КМИР гуфт, тибқи қонунгузории Тоҷикистон мудохилаи хабарнигорон ба раванди интихобот, бахусус таблиғи раъйдиҳандагон барои овоздиҳии номзаде ҷурм дониста шуда, хабарнигорон бо тасмими комиссияи интихоботӣ аз маҳалли овоздиҳӣ берун карда хоҳанд шуд.

Ӯ афзуд, «хабарнигорон бояд 15 рӯз пеш аз баргузории интихобот дар КМИР ҳуҷҷатҳои худро барои сабти ном супоранд. Хабарнигорони хориҷиро зарур аст аввал дар Вазоарти корҳои хориҷӣ сабти ном шаванд.»

Алишери Муҳаммадӣ, хабарнигори мустақил аз ҷануби Тоҷикистон, ки дар ин нишаст ширкат дошт, гуфт, ҳамасола хабарнигорон ва нозирон нақзи қоидаҳои овоздиҳӣ дар нуқтаҳои ройдиҳиро ошкор мекунанд ва ҳузури онҳо муҳим аст. Маъмулан, як намояндаи хонавода ба ҷойи чанд узви оила овоз медиҳад ва масъулони кумисюнҳои интихоботӣ аз чунин вайрон шудани қоидаи овоздиҳӣ сарфи назар мекунанд.

Ба таъкиди намояндаҳои КМИР, як рӯз қабл аз баргузории интихобот “рӯзи хомӯшӣ” эълон мешавад ва то замони раъйдиҳӣ ҳама гуна таблиғоти номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ манъ карда мешавад. Муҳаммадӣ Ибодуллоев, роҳбари Бунёди ҷамъиятии "Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет" дар ин нишаст гуфт, ба эҳтимоли зиёд риояи ин муқаррарот дар шабакаҳои иҷтимоӣ душвор хоҳад буд. Зеро, ба гуфтаи вай, “таблиғоти номзадҳо, ки рӯзҳои пеш нашр шуда буд, метавонад ба таври ғайричашмдошт дубора дар “рӯзи хомӯшӣ” дар саҳифа пайдо шавад”.

Дар Тоҷикистон барои интихоботи порлумонии рӯзи якуми март 3410 маркази раъйгирӣ ташкил шудааст. Ба гуфтаи Носирҷон Салимӣ, дар баъзе аз марказҳои раъйгирӣ сокинон ҳамзамон вакилони порлумон ва вакилони маҷлисҳои маҳаллиро интихоб мекунанд.

То интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон беш аз як моҳи дигар мондааст. Интизор меравад, раванди интихоботи порлумониро ҳудуди 500 нозири хориҷӣ назорат кунанд.

Дар гузашта созмонҳо ва кишварҳои ғарбӣ интихоботҳои Тоҷикистонро ғайриозод ва ғайришаффоф эълом кардаанд, бар хилофи нозирони кишварҳои пасошӯравӣ ва Чин, ки аз шеваи баргузории интихоботҳои Тоҷикистон ҳамеша ситоиш кардаанд.

Паёми мухталифи Тоҷикистону Узбекистон ба донишҷӯёнашон дар Чин

Шаҳри Вуҳани Чин. Акс аз 22-юми январи 2020

Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Узбекистон, гуфт, 30 донишҷӯи узбекро, ки дар шаҳри Вуҳан, маркази кашфи вируси нав дар Чин мондаанд, ба кишвар бармегардонанд.

Ӯ дар ин бора рӯзи 25-уми январ дар ҷаласаи навбатии пресс-клуб ваъда дод. Комилов гуфт, "ҳоли ҳозир Вазорати умури хориҷӣ ва Вазорати тандурустӣ дар ин замина кор мекунанд", аммо санаи дақиқи овардани донишҷӯёнро аз Чин нагуфт.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон дар Вуҳан тақрибан 250 шаҳрванди ин кишвар, асосан донишҷӯён, ба сар мебаранд. Бисёре аз донишҷӯён баъди адои даври дигари таҳсил ба кишвар баргашта будаанд.

Дар ҳамин ҳол, масъулони сафорати Тоҷикистон дар Чин рӯзи 26-уми январ дар паёме аз донишҷӯёни тоҷик дар он кишвар хостаанд, "талаботи мақомоти Чинро дар бораи риояи тартиботи ҷорӣ" дар бораи "коронавирус" бечунучаро иҷро кунанд.

Дар паёми масъулони сафорат гуфта шудааст, "агар зарурати воқеии баровардани донишҷӯёни хориҷӣ аз музофоти Хубей ба миён ояд ва чунин тасмим дар сатҳи мақомоти чинӣ гирифта шавад, Сафорати Тоҷикистон ин масъаларо бо Ҳукумати Чин ҳаллу фасл хоҳад кард."

Мақомоти сафорат шумораи донишҷӯёни тоҷикро дар музофоти Хубей ошкор накардаанд.

Қаблан бархе аз донишҷӯёни тоҷик дар Вуҳан ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бештари вақти худро дар хобгоҳ мегузаронанд.

Задухӯрди нирӯҳои амниятӣ ва норозиён дар Бағдод

Яке аз иштирокдорони тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Ироқ. Акс аз 20-уми январи соли 2020

Дар пайи задухӯрди нирӯҳои амниятӣ бо эътирозгарон дар Бағдод, пойтахти Ироқ, дастикам 17 нафар маҷруҳ шудаанд.

Ҳодиса рӯзи 26-уми январ рӯй додааст. Ҳангоме ки, ба гуфтаи манобеи пулис ва шоҳидон, нирӯҳои амниятӣ барои пароканда кардани таҷаммӯи норозиён дар майдони Таҳрир тир кушодаанд.

Як рӯз пеш аз ин дар натиҷаи даргирии эътирозгарон ва нирӯҳои амниятӣ дар шаҳри Носирия 3 нафар кушта шуд.

Набуди ҷойи кор ва хадамоти зарурӣ барои мардум ва фасоди густарда моҳи октябри соли 2019 пойи норозиёнро ба кӯчаҳои Ироқ кашонд. Аз он замон то кунун ба камияш 500 нафар кушта шудаанд.

Эътирозгарон хоҳони ташкили ҳукумат ва порлумони нав дар кишвар ҳастанд.

Вируси нав дар Чин. 56 нафар ҷон бохта, 2 ҳазор кас гирифторанд

Роҳи оҳани Пекин. 24-уми январи соли 2020

Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, гуфт, кишвараш дар вазъияти бади густариши вируси нав қарор дорад. Вай дар ин бора рӯзи 25-уми январ дар нишасти раҳбарони Ҳизби коммунисти Чин ибрози назар кард.

Вирус бори аввал дар шаҳри Вуҳан ошкор шуд. Ин беморӣ то кунун ҷони 56 нафарро гирифта ва наздик ба 2 ҳазор кас дар Чин ба он гирифтор шудаанд.

Сӣ Ҷинпин гуфт, кишвараш тавоноии инро дорад, ки дар набард ба зидди ин беморӣ муваффақ шавад.

Ин буҳрон сабаб шудааст, ки аз соли нави чинӣ, ки таътили бузурге дар ин кишвар ба шумор меравад, таҷлил нашавад. Анҷумани хадамоти мусофирбарии Чин ба ҳама оҷонисҳо гуфтааст, ки сафари гуруҳи сайёҳонро боздоранд.

Ин дар ҳолест, ки миллионҳо нафар дар ин кишвар дар ҷараёни таътили соли нав сафар мекунанд ва имкон дорад равуои онҳо паҳн шудани бемориро суръат бахшад.

Тоҷикистон сафари шаҳрвандонашро ба Чин маҳдуд ва парвози ҳавопаймоҳоро аз Душанбе ба он кишвар муваққатан қатъ кардааст.

Писари Маҳмурод Одинаевро дар боздоштгоҳи Сахарово ёфтаанд

Ҳоҷиакбар Одинаев

Ҳоҷиакбар Одинаев, писари 19-солаи Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро дар боздоштгоҳи "Сахарово" дар Маскав пайдо кардаанд.

Пештар Одинаев хабар дода буд, ки писараш аз 19-уми январ боз бедарак аст. Нигаронии ӯ аз он буд, ки чанд ҳафта қабл гӯиё мақомоти Тоҷикистон аз дӯстони писараш дар бораи Ҳоҷиакбар маълумот хостаанд. Мақомот дар ин бора чизе нагуфтанд.

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, рӯзи 26-уми январ дар баёнияи расмӣ "ба ҳамаи онҳое, ки дар кофтукоби Ҳоҷиакбар Маҳмуродов иштирок кардаанд", изҳори сипос кард. Аммо айни замон гуфт, "эҳсоси падарии Маҳмурод Одинаевро дуруст дарк кунед, ки бисёр суханони нохуш изҳор дошт."

Ба иттилои Зоиров, Ҳоҷиакбар Одинаев то даҳ рӯзи дигар дар боздоштгоҳ монда, сипас имкон пайдо мекунад, ки билет харад ва ба ҷойи зисти доимиаш - Тоҷикистон баргардад.

Бо ин ҳол, дақиқ нест, ки писари Маҳмурод Одинаев бо чӣ иттиҳом ба боздоштгоҳи "Сахарово" бурда шудааст. Мақомоти Русия асосан муҳоҷирони тоҷикро бо иттиҳоми ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аз ҷумла нақзи қоидаҳои будубош ба ин марказ интиқол медиҳанд.

Маҳмурод Одинаев аз ҳисоби Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон номзадиашро ба интихоботи порлумонии моҳи марти имсол пешниҳод кардааст.

Шумори қурбониёни заминларзаи Туркия ба 31 нафар расид

Имдодгарон дар маҳалли заминларза дар Туркия

Шумори қурбониёни зилзилаи ахир дар Туркия ба 31 нафар расидааст. Замиинларзаи 6,8-дараҷаӣ шоми 24-уми январ шарқи Туркияро такон дод. Дар ин ҳодиса беш аз 1200 нафар захмӣ шудаанд.

Ҳукумати Туркия мегӯяд, дар пайи зилзила, ки шабона иттифоқ афтод, баъзе аз хонаҳо хароб шуда, мардум дар зери вайронаҳо мондаанд.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати умури дохилии Туркия, гуруҳҳои наҷот қурбониёни зилзиларо аз зери вайронаҳо берун кашидаанд, аммо то ҳанӯз даҳҳо нафар нопадид ҳастанд.

Зилзиларо дар Сурия, Лубнон ва Эрон ҳам эҳсос кардаанд.

Туркия дар минтақаи зилзилахез қарор дорад. Дар соли 1999 дар натиҷаи як заминларзаи шадид ҳазорҳо нафар ҷон бохта ва хонаҳояшонро аз даст дода буданд.

Ёфтҳои бештар

Шарҳи боздошти 113 гумонбар ба узвият дар "Бародарони мусалмон"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:43 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Шарҳи боздошти 113 гумонбар ба узвият дар "Бародарони мусалмон"
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Мулоқоти ҳамсар бо рӯҳонии ҷавон дар боздоштгоҳ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00
XS
SM
MD
LG