Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО марги ғайринизомиён дар Либияро эътироф кард


НАТО эътироф кард, ки бар асари ҳамлаи ҳавоии нерӯҳояш дар пойтахти Либия, эҳтимолан ғайринизомиён кушта шудаанд.

Дар баёнияи ин паймони низомӣ омадааст, “ба эҳтимоли ғолиб, яке аз мушакҳо аз ҳадафи худ хато хӯрда ва боиси марги чанд нафар ғайринизомӣ шудааст."



Давлати Либия субҳи дирӯз гуфт, ки бар асари ҳамлаи ҳавоии НАТО ба як маҳалли маскунӣ 9 нафар кушта шуданд.

Абдул Отӣ ал-Убайдӣ, вазири умури хориҷаи Либия гуфт, дар инфиҷор аз ҷумла ду кӯдак ҳам кушта шуда ва 18 тани дигар захм бардоштаанд.

Айни замон, шӯришиёни Либия гуфтанд, зимни ҳамлаи нерӯҳои тарафдори Қаззофӣ ба шаҳри муҳосирашудаи Мисрота, 9 нафар кушта ва 51 тани дигар захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG