Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии ББС аз боздошти хабарнигораш дар Суғд


Урунбой Усмонов
Урунбой Усмонов
ББС, муассиссаи нашаротии Бритониё, бо изҳори нигаронии шадид аз боздошти хабарнигори хадамоти Осиёи Марказиаш дар вилояти Суғд раҳоии билфосилаи Урунбой Усмоновро аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кардааст. ББС ба узвият дар Ҳизби манъшудаи Таҳрир айбдор шудани Усмоновро даъвое боварнокарданӣ номид ва гуфт, ӯ бо тақозои ин расона дар бораи фаъолияти ин ҳизб ва таъқиби аъзояш гузоришҳо таҳия мекард. Мақомот мегӯянд, Урунбой Усмоновро, ки 10 сол боз аз вилояти Суғд барои бахши узбакии ББС гузориш медод, рӯзи сешанбе ва бо иттиҳоми узвият дар Ҳизби таҳрир дастгир кардаанд. Ҳизби Таҳрир, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон аз соли 2001 манъ шудааст, барои таъсиси як хилофати воҳиди исломӣ мубориза мебарад.
XS
SM
MD
LG