Пайвандҳои дастрасӣ

49 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Яман хориҷ шуданд


Абдулло Юлдошев
Бо ҳавопаймои вазорати умури изтирории Русия 49 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Яман берун оварда шудаанд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон аз ҷониби Русия дархост кардаанд, ки бо назардошти вазъи ноороми пешомада дар Яман дар хуруҷи шаҳрвандони Тоҷикистон кӯмак кунад. Тоҷикистон дар Яман намояндагии дипломатӣ надорад ва дақиқ малум нест, ки дар ин кишвар чӣ қадар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Аммо Абдулло Юлдошев-сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ мегӯяд:

“Ман 165 нафарашонро аниқ медонам. Онҳе, ки аз тариқи қарордодҳои инфиродӣ омадагӣ, онҳо намехоҳанд дар ягон ҳисоб бошанд”.

Баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Яман дар ширкатҳои русӣ кор мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG