Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишғоли Ҷиср-аш-Шуғур ва маҳкумиятҳои ҷаҳонӣ


Артиши Сурия пас ишғоли Ҷиср-аш-Шуғур, ба амалиёти поккории рустоҳои атроф пардохта садҳо танро боздошт кардаанд.

Артиши раисиҷумҳур Башшор Асад рӯзи якшанбе бо истифода аз тонкҳову чархболҳо тавонист Ҷиср-аш-Шуғурро ба даст биорад. Давлати Сурия ҳанӯз ҳафтае пеш хабар дода буд, ки афроди силоҳбадаст дар пайи як тазоҳуроти эътирозӣ дар ин шаҳр, беш аз 120 тан аз нирӯҳои амниятиро куштаанд ва ба ин далел ба Ҷиср-аш-Шуғур нирӯи изофӣ эъзом мекунад.

Аммо фирориён аз ин шаҳр ва гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, аксари кушташудаҳо дар Ҷиср-аш-Шуғур афроди мулкие буданд, ки аз дасти нирӯҳои амниятӣ ҷон бохтанд ва ё сарбозоне, ки ба далели саркашӣ аз тирандозӣ болои издиҳоми эътирозгарон худ сари тир шуданд.
Кашфи гӯристони дастҷамъӣ дар шаҳри Ҷиср-аш-Шуғур

АМРИКО РАФТОРИ АСАДРО МАҲКУМ КАРД

Кохи Сафед дирӯз гуфт, хушунатҳои ахиреро, ки аз сӯи давлати Сурия анҷом мешавад, «бо лаҳни ҳаддалимкон шадидтарин» маҳкум мекунад. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Марк Тонер гуфт: “Онҳо бо истифода аз чархболҳо ва тонкҳо болои мардуми мулкии бегуноҳ ҳамла мекунанд, ки шумо низ медонед. Рӯз то рӯз рӯшантар мешавад, ки Башшор Асад қасди анҷоми ислоҳотро надорад. Ба назари ман, он чӣ, ки моро зарур аст, бикунем, ҳамкорӣ бо шарикони аврупоии мо ва шарикони мо дар минтақа барои ҷалби таваҷҷӯҳ ба он чист, ки дар Сурия мегузарад ва ҳам ба таври рӯшан намоиш додан ба Асад аст, ки ӯ бояд ба бадрафториҳояш нуқтаи таммат гузорад.”

Эътирозҳо бо талаби истеъфои Башшор Асад ва ироаи озодиҳои бештари сиёсӣ ба мардум дар Сурия бо илҳом аз комёбии эътирозҳои Мисру Тунис аз миёнаҳои моҳи март оғоз ёфт ва ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, тайи 3 моҳи ин эътирозҳо дар ин кишвар 1300 нафари мулкӣ ҷон бохтаанд. Як созмони дидбони ҳуқуқи башари Сурия дар бораи ҳалокати беш аз 300 пулису сарбоз дар ин ошӯбҳо низ хабар медиҳад.

БӮҲРОНИ ПАНОҲАНДАГӢ

Бо ин ҳол, ба хушунатҳо печидани эътирозҳои Сурия боиси фирори ҳазорон нафар аз ин кишвар шудааст. Ин раванд бахусус дар пайи эъзоми нирӯву аслиҳаи вазнин ба Ҷиср-уш-Шуғур вусъат гирифт ва матбуоти Туркия, шумори суриягиҳоеро, ки аз ин шаҳр ва атрофи он худро ба дохили марзи Туркия задаанд, ҳудуди 7000 нафар баровард мекунад. СММ ҷамъи мардуми фироркарда аз Сурияро дастикам 10 000 нафар ҳисоб карда, сухангӯи идораи кӯмакҳои башарии СММ Стефанӣ Банкер гуфтааст, дастикам 5 000 паноҳҷӯ аз Сурия ба Лубнон ва ҳадди ақал 5 000 тани дигар ба Туркия паноҳ овардаанд.
Урдугоҳи паноҳандагони суриягӣ дар Туркия

АМРИКО: "АСАД Ё БА ХУШУНАТҲО ПОЁН ДИҲАД Ё КАНОР РАВАД"

Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Марк Тонер, вақте дар бораи дидгоҳи Вошингтон дар қиболи Сурия сӯҳбат мекард, ҳамчунин гуфт, дар ғайри сурати хатми хушунатҳо, танҳо роҳи дигар барои Башшор Асад истеъфост ва боз кардани роҳ ба интиқоли қудрат: “Тамаркузи мо рӯи талошҳоест, то ба Башшор Асад рӯшан кунем, ки ӯро зарур аст, ё ба хушунатҳо поён диҳад ва ё худ канор рафта, ба давраи гузариш роҳ кушояд.”

АБАРҚУДРАТҲО ВА БӮҲРОНИ СУРИЯ


Аммо нозирони умур мегӯянд, Ғарб дастикам дар марҳалаи кунунӣ, ки дар ботлоқи низоъи Либия фурӯ рафтааст, аҳроми зиёди фишор болои режими Димишқро дар ихтиёр надорад. Истифодаи нирӯи хориҷӣ чун дар Либия ба хотири кӯтоҳ кардани дасти таъқиби режими Асад як амри муҳол ба назар мерасад. Ба хусус дар ҳоле, ки Амрикову муттаҳидинаш дар Шӯрои Амнияти СММ ба иллати мухолифатҳои сарсахтонаи Русияву Чин то ҳол ҳатто ба тасвиби қатъномае, ки аъмоли режими Асадро маҳкум кунад, муваффақ нашудаанд.

Маскав пинҳон намекунад, ки аз ин шарики муҳими сиёсӣ ва низомиаш дар Ховари Миёна то охир ҳимоят хоҳад кард ва ба фарқ аз масъалаи Либия, ки аз райъгирӣ дар Шӯрои Амният худдорӣ карда буд, зимни баҳси қатъномаи зидди Сурия аз тамоми васоил ва шояд аз ҳаққи ветои худ ба ҳайси узви доимии ин Шӯро истифода барад. Дар чунин шароит, ба назари таҳлилгарон, Ғарб ғолибан то хеле муддати дигар танҳо бо пахши баёнияҳо дар ин масъала иктифо хоҳад кард.

Нерӯҳои Сурия шаҳри марзиро ишғол карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:47 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG