Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии тазоҳуркунандагон ва полис дар Чин


Полиси Чин дар бархӯрд бо норозиён аз гази ашковар истифода кард ва даҳҳо нафарро ба ҳабс гирифт.

Полис мегӯяд, 25 ширкаткунандаи эътирози дастҷамъии муҳоҷиронро барои он боздошт намуд, ки вориди даргирӣ бо нерӯҳои интизомӣ шудаанд.

Ин бархӯрд шаби якшанбеи 12-уми июн дар рӯзи сеюми тазоҳурот дар шаҳри Шинтанг, ҷануби Чин, ба вуқӯъ пайвастааст. Гирдиҳамоӣ замоне шурӯъ шудааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ аз бадрафтории маъмурони амниятӣ бо як тоҷирзан, ки обистан будааст, норозӣ шудаанд.

Хабаргузории расмии Чин - Синҳуа мегӯяд, ки эътирозгарон ба тарафи маъмурони давлативу мошинҳои полис сангу шиша ҳаво дода, нерӯҳои интизомиро маҷбур карданд, зидди онҳо аз гази ашковар истифода баранд. Ба гуфти шоҳидони айнӣ, чанд мошини полис ба коми оташ кашида шуд.

Вилояти ҷанубии Гуандонг, ки шаҳри Шинтанг шомили он аст, яке аз марказҳои муҳими саноатии Чин ба шумор меравад. Дар ин ҷо теъдоди зиёди муҳоҷирон аз гӯшаҳои дигари Чин кору зиндагӣ мекунанд. Дар тӯли даҳ соли гузашта дар Чин ва аз ҷумла дар ин вилоят чандин эътирози дастаҷамъии коргарон зидди беадолатиҳои иҷтимоӣ, сӯистифода аз қудрат ва маошҳои ночиз баргузор шудааст.

Ҳафтаи гузашта баъд аз фавти як нафар дар боздоштгоҳи полис садҳо нафар биноҳои ҳукуматии шаҳри Личуани вилояти марказии Ҳубейро ишғол намуданд. Хешу таборони Ран Ҷишиани кушташуда мегӯянд, ки дар ҷараёни бозпурсӣ ӯ аз лату кӯби зиёд ҷон додааст.

Сокинони Личуан нақл мекунанд, ки Ран аслан мансабдори ҳукуматӣ буд, вале аз ширкат дар мусодираи замини мардум даст кашид ва боздошт шуд. Назар ба гузоришҳои расида, ҳоло дар иртибот бо марги Ран як идда аз мансабдорон боздошт ва бозпурсӣ мешаванд.

Ҳамин гуна моҳи май дар вилояти Муғулистони дохилии Чин муғултаборон эътироз ташкил карда буданд, зеро ронандагони кони ангишт ҳамқавми онҳоро ба қатл расондаанду касе ҷавоби онро надодааст.

Дар вилояти ҷанубии Ҷангшӣ бошад, як кишоварзе, ки аз заминҳояш маҳрум шуда буд, се бомбаи дастӣ сохта, онҳоро дар бинои ҳукумат мунфаҷир кард. Дар натиҷа ин кишоварз ва ду нафари дигар ҳалок шуданд.

Мақомоти Чин аз эҳтимоли сар задани шӯришҳои шабеҳи кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ дар хавф буда, ба ҳар гуна эътироз дар дохили ин кишвар аксуламали шадид нишон медиҳанд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, моҳҳои ахир садҳо мухолифи ҳукумати Чин мавриди бозпурсии полис, боздошт ва ҳабси хонагӣ қарор гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG