Ба гуфтаи мақомот, дар оғози ҳафта дар ошӯбҳои Ҷиср-аш-Шуғур беш аз 120 маъмури амниятӣ кушта шуда, бино ба хабарҳо, ҳазорон нафар аз сокини минтақа аз тарси таъқиби мақомот худро ба марзи Туркия мезананд.
Ин дар ҳолест, ки дар Шӯрои Амнияти СММ баҳси тарҳи қатъномае, ки саркӯбии эътирозҳои алайҳи режими Башшор Асадро маҳкум мекунад, идома дорад. Дар ҳоле, ки Амрикову муттаҳидини аврупоияш –Бритониёву Фаронса аз ин тарҳ ҳимоят мекунанд, ду узви дигари доимии Шӯрои Амният – Чину Русия мухолифи маҳкум кардани режими Сурияанд.
РУСИЯ: "СУРИЯ ТАҲДИД НЕСТ"
Cухангӯи вазорати хориҷаи Русия Александр Лукашевич ахиран гуфт, вазъи Сурия, аз нигоҳи Маскав, ба сулҳу суботи байналмилалӣ таҳдиде ба бор намеорад ва тасвиби қатънома алайҳи Димишқ ба фоидаи гурӯҳҳои ифротиест, ки дар ин кишвари арабӣ дар ин авохир қувват гирифтаанд: “Пайомади баҳси тарҳи зидди Сурия метавонад ташаннуҷи бештари танишҳои дохилӣ дар он кишвар бошад, ки ба вазъи умумии минтақа таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Бояд дар назар гирифт, ки қарори нисбат ба Димишқ интиқодомези Шӯрои Амният дар ин шароит, ки нирӯҳои ифротӣ дар Сурия ҳар чӣ бештар садо баланд мекунанд, маънои ҳимояти ғайримустақими аъмоли онҳоро хоҳад дошт.”
"МАВЗЕЪИ ХОС"-И МАСКАВ
Маскав маъмулан дар ҳама масоили доғи байналмилалӣ ба истилоҳ “мавзеъи хос”-ро дунбол мекунад, ки аз дидгоҳи Ғарб ҳамеша фарқ мекунад. Русия дар гузашта ҳамин тавр, дар масъалаи Сербистону баъдан Ироқ ва дар ин авохир дар қиболи истифодаи нирӯи байналмилалӣ алайҳи режими Муаммар Қаззофӣ дар Либия низ мавқеъи фарқкунанда дошт. Ҳарчанд дар пайи баҳсҳои тӯлонӣ аз мавзеъи дар оғоз гӯё оштинопазираш каме ақиб нишаст ва масалан, ҳангоми раъйгирии қатъномаи зидди Либия дар Шӯрои Амният ҳамроҳ бо Чин худдорӣ кард.
Аммо ба назари таҳлилгарон, чунин ақибнишиниҳо одатан натиҷаи муомилаҳоест, ки Маскав дар ивази қатъи мухолифат ё хомӯш нишастанаш бо Ғарб мекунад ва маъмулан дар баҳои гузаштҳои он ҷониб дар ягон мавзӯъи дигари барои Русия муҳим.
Аммо оё дар қиболи қатъномаи Сурия низ метавон умедвори чунин ақибнишинии Маскав шуд? Ва оё такя ба манофеъи худаш аст, ё кадом далоили дигар, ки Русия худро дар маҳофили байналмилалӣ ба ҳайси ҳомии режимҳои расвошудаи умдатан зиддиғарбӣ ба ҷилва медарорад? Ин суолҳоро дар як гуфтугӯ бо Александр Умнов, муҳаққиқи Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Фарҳангистони улуми Русия дар миён гузоштам.
Ҷавоб: Ба назари ман, мавзеъи Русия дар қиболи Сурия ношӣ аз манофеъи суннатӣ ва хубаш бо ин кишвар аст. Русия ҳамин тавр, ҳамеша аз дидгоҳи Димишқ дар мавриди роҳҳалҳои низоъ дар Ховари Миёна ҳимоят мекарду мекунад. Ин равобити суннатӣ бо Сурия ҳанӯз дар аҳди Иттиҳоди Шӯравӣ барқарор шуда буд. Ва Сурия феълан аз он кишварҳои ангуштшумори арабист, ки равобити суннатиаш бо Маскавро ҳифз кардааст. Аз ин лиҳоз, мавзеъи Русия фаҳмиданист: Маскав намехоҳад муттаҳиди қадимаш дар минтақаро ба ҳоли худ партояд. Русия, тавре ки дар Либия кард, дар Сурия нақши миёнҷӣ байни Ғарбу режими Асадро низ бозӣ нахоҳад кард, балки то охир дар ҳамин мавзеъи ҳимоят аз Башшор Асад боқӣ хоҳад монд.
Суол: Аммо Сурия мисле, ки бештар муттаҳиди Эрон ба назар меояд, то шарики Русия?
Ҷавоб: Равобити Русия бо Эрон ҳам ба сурати умум бад нест. Аммо ба назари ман, Димишқ рӯи Маскав бештар ҳисоб мекунад, то рӯи Теҳрон. Мавзеъи Русия аз ин лиҳоз барои Сурия нисбат ба Эрон вазни бештаре дорад.
Суол: Оё то куҷо имкон дорад, ки Ғарб дар қиболи Сурия ба мисли Либия аз нирӯ кор бигирад ва оё Маскав ба чунин сурати таҳаввули вазъ нисбат ба ин муттаҳидаш тан хоҳад дод?
Ҷавоб: Ба назари ман баъид менамояд, ки Ғарб дар Сурия ҳам ба истифодаи нирӯ иқдом кунад. Ғолибан бо баёнияҳои лафзии моломоли интиқоди саркӯбгариҳои ин режим ва даъват ба ислоҳоту озодиҳои бештар барои мардум иктифо хоҳад кард. Сурия ва шабакаҳои қавии дифоъи зиддиҳавоӣ дорад, ки зимнан низ бо кӯмаки Русия бунёд шудаанд. Аз ин рӯ, дар қиёс бо Либия, ки нирӯҳои мусаллаҳи чандон қавӣ надошт, бомббори Сурия ҳазинаи хеле бузургтаре хоҳад дошт. Омили дигар эътирози ҷаҳони араб ба ҳар навъ истифодаи нирӯи хориҷӣ алайҳи Сурия хоҳад буд. Башшор Асад, дар ҳар сурат, дар муқоиса бо Муаммар Қаззофии бо ҳама дар ҷангу дар қаҳр дар байни раҳбарони арабӣ обрӯи зиёдтаре дорад, аз пуштибонии фарогири кишварҳое, чун Русия бархӯрдор аст. Аммо Маскав ҳам таҳти фишори Ғарб ночор хоҳад шуд, то ин шарикашро ба баъзе гузаштҳо ба эътирозгарон моил кунад. Ва Башшор Асад ҳам, ба назари ман, ба сӯи либерализатсияи режимаш қадамҳое хоҳад монд.
Суол: Аммо чӣ ғаризаҳоест, ки Русия одатан аз режимҳои зиддиғарбие, чун Саддом Ҳусейн дар Ироқ, ё Қаззофӣ дар Либия ваё Маҳмуди Аҳмадинажод дар Эрону Ҳуго Чавес дар Венесуэла ва инак, Асад дар Сурия, ҳимоят мекунад ва дар мавриди бархӯрд бо ин низомҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар Шӯрои Амнияти СММ, мавзеъи ҳамеша фарқкунанда дорад?
Ҷавоб: Фикр накунам, ки Русия ҳамеша ҳомии нирӯҳои зиддиғарбист. Дар мавриди Саддом Ҳусейн, дидгоҳи Маскав бо Ғарб хеле наздик буд, барои мисол. Дар мавриди кишварҳои дигар, бояд гуфт, ки Русия наметавонад кӯркӯрона думрави сиёсатҳои Ғарб бошад. Русия манфиатҳои худ ва дидгоҳҳои худро дорад ва ин як амри табиист. Аммо намешавад гуфт, ки мавзеъи Русия як мавзеъи ғайриқобили тағйир бошад. Бисёр шудааст, ки бо дарназардошти вазъу шароит бо Ғарб вориди муомилаҳое мешавад. Аммо дар мавриди Сурия чунин гузашт хеле баъид аст. Русия дар ин масъала ақиб нахоҳад нишаст.