Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи нобоварии байниқавмӣ дар Қирғизистон


Аз хушунатҳои байниқавмии Қирғизистон як сол гузашт, вале қирғизҳо ва узбактаборон, мегӯянд, ба ҳамдигар эътимод надоранд.

Вақте Мая Тосунбекова шаби даҳуми июни соли 2010-умро ба ёд меорад, гиря гулӯгираш мекунад.

ШАБАҲИ ҶАНГ ДАР ӮШ ҲАНӮЗ БОҚИСТ

Табаҳкорон хонаи даҳутоқаи ин зани қирғизро, ки се сол пеш ба маблағи 130 ҳазор доллар харидорӣ шуда буд, ба коми оташ кашиданд. Имрӯз аз он хонаи боҳашамати Тосунбековаи 40-сола фақат як ошхонаву ду утоқи хурди хоб аз нав сохта шудааст, ки хароҷоти онро қисман идораи умури паноҳандагони СММ ва Салиби Сурх бар дӯш доштанд.

Черемушки аслан маҳаллаи узбактаборони шаҳри Ӯш ба шумор мерафт ва дар ҷараёни хушунатҳои июни соли гузашта, аксари хонаҳои он тахриб шуданд. Тосунбекова мегӯяд, то замони сар задани нооромиҳо қирғизҳову узбакҳои Ӯш ва ба хусус маҳаллаи онҳо ҳеҷ мушкиле надоштанд: “Ҳеҷ мушкиле ба назар намерасид. Мо ҳар рӯз бо ҳамдигар вомехӯрдем. Масалан, ман ба забони убакӣ хуб сӯҳбат мекунам. Мо ба ҳамдигар кӯмак мекардему дар тамос будем. Ин анъана аст.”

Дар паси девори Мая хонаи Нигора Олимова, як хонуми 67 солаи узбактабор аст, ки дар Ӯш ба дунё омада, ҳаёти худро дар ҳамин маҳалла гузарондааст. Дар гузашта падари Олимова дар вазифаҳои масъули ин вилоят ифои вазифа кардааст.

Хонаи ӯ ҳам соли гузашта тахриб гардидаву то кунун танҳо як утоқи он тармиму барқарор шудааст. Олимова меафзояд: “Ман бо мардуми қирғиз 30 сол кор кардаам. Мо дӯст будем. Ин ҷангу ҷадал аз куҷо сар зад? Ман намедонам. Он ногаҳонӣ дар як рӯз зуҳур намуд. Касе пешбинӣ намекард, ки чунин иттифоқ дар пеш аст.”

Ба гуфти Олимова, то замони нооромиҳо, ӯ бо қирғизҳо мушкиле надошт, вале тобистони гузашта дар рӯзҳои бархӯрдҳои хунин, занони қирғиз кӯча ба кӯча гашта, рӯи он нишонӣ мегузоштанд, то табаҳкорони қирғиз фақат хонаҳои узбакҳоро валангор намоянд.

"АКСАРИ ҚУРБОНИЁН ҚИРҒИЗҲО БУДАНД"

Вале Тосунбекова ба ин суханони Олимова ва ҳамчунон гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ мувофиқ нест.

Ба қавли комиссияи байналмилалии таҳқиқи ҳодисаҳои Қирғизистон, аз чор се ҳиссаи тахминан 470 қурбонии ҳодисаҳо Ӯшро узбактаборон ташкил медиҳанд.
Ба қавли ин хонуми қирғиз, аксари қурбониҳо қирғиз буданд, вале узбакҳо бо ҳадафи пинҳон намудани ҷиноятҳояшон, қирғизҳоро ҳамчун узбакҳои қурбонӣ ба хок супурда буданд ва аз ин ҷост, ки шумори зиёди қирғизҳо бе ному нишон мебошанд.

Тосунбекова ба ёд меорад, ки шаби даҳуми июн бо шавҳару чаҳор фарзандаш дар таҳхона паноҳ бурда, сипас дастаҷамъӣ аз маҳалла фирор намуданд.

Аммо Олимова, ки нооромиҳои ибтидои солҳои навадуми вилояти Ӯшро дар хотир дорад, мегӯяд, он вақт дар сатҳи маҳаллаҳо ва ба вижа маҳаллаи Черемушки ихтилофи миёни қавмҳо вуҷуд надошт. Ӯ мегӯяд, ки баъди нооромиҳо, онҳо ба ҳамдигар эътимод надоранд.
XS
SM
MD
LG