Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Филме аз ҳаёти муҳоҷирон рӯи саҳна омад


Тоҷикистон ба бистумин соли истиқлоли давлатии худ наздик мешавад ва муҳоҷирати кории тоҷикон ба кишварҳои хориҷӣ низ бо ин истиқлол пайванди ногусастанӣ дорад.

Бо фурӯпошии Шӯравӣ, дар кишварҳои пасошӯравӣ низоми иқтисодӣ низ фурӯ рехт, бисёре аз корхонаҳои саноатӣ дар кишварҳои ақибмонда мисли Тоҷикистон аз кор монданд ва садҳо ҳазор аз ҷои кори худ маҳрум шуданд.

САД АЛАМИ СОЛҲОИ МУҲОҶИРАТ

Гузашта аз ин, ҷанги дохилӣ дар баъзе қисматҳои кишвар оилаҳоро ба маҳрумият нишонд ва дар рӯ ба рӯи хатари гуруснагӣ қарор дод. Ягона роҳи наҷот аз гуруснагӣ, муҳоҷирати корӣ ва ба даст овардани василаи рӯзгузаронӣ дар берун аз марзҳои Тоҷикистон буд. Вале вазъият амн набуд ва дар кишварҳои дигар низ собиқаи пазируфтани муҳоҷирон вуҷуд надошт ва нахустин муҳоҷироне, ки пой берун аз хоки ватан мениҳоданд, ба истилоҳ «ҷон ба кафи даст» мегирифтанд.

Гуруснагии хонавода, ашки чашми фарзандон барои луқмаи нони беминнат, вуҷуди онҳоро ба ларза меовард. Онҳо ба умеде роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтанд. Вале роҳи муҳоҷирати корӣ на барои ҳамаи онҳо ҳамвор буд. Касе намедонист, ки ин роҳ онҳоро ба куҷо мебарад ё онҳоро ба чӣ сарнавишт гирифтор мекунад.

МУҲОҶИРОН ДАР ГИРУДОРИ РӮЗГОР

Ҳоло муҳоҷирати кории тоҷикон ба хориҷ, ба вижа ба Русия, барои рафтан ба сафҳаи таърих тадриҷан рӯи навори филмҳо меояд, то шаҳодате аз ин марҳилаи зиндагӣ барои ояндагон бошад. Маҳрумиятҳо, надонистани ҳуқуқи худ ва қонунҳои кишвари мизбон муҳоҷирони кории Тоҷикистонро дар давоми ин солҳо дучори душвориҳои зиёд кардааст.

Шуморе аз худи муҳоҷирон дар Русия тадриҷан ба шинохти асли худ ва ҳуқуқи худ расиданд ва барои ҳақталошӣ ҷуръат пайдо карданд. Вале суол ин буд, ки чунин ҳақталоширо аз чӣ роҳу васила дар як кишвари бегона касе метавонист амалӣ кунад? Ба хулосае расиданд, ки созмонҳо ё ҷамъиятҳо ташкил диҳанд. Чунин ҳам карданд ва садои қалби муҳоҷири беҳуқуқро дар ҳамоишҳову нишастҳои расмӣ ё ғайрирасмӣ ба гӯши мақомоти дахлдор расонданд.

МУҲОҶИРАТ АЗ НИГОҲИ ДУРБИН

Аммо ҷамъияти ҷавонону донишҷӯёни Тоҷикистон дар Санкт- Петербург тасмим гирифт аз вазъи кору зиндагии ин муҳоҷирон саҳнаҳоеро рӯи навор оварад ва онро дар филме бо номи “Аз Тоҷикистон то Санкт- Петербург” ба сокинон пешкаш кунад ва бинанда ё мардумро бо намунаҳои мушаххас аз воқеияти ҳол огаҳ созад.

Ҷамъияти ҷавонону донишҷӯёни Тоҷикистон дар Санкт Петербург мегӯяд, коргардони латвиягӣ хонум Светлана Кенеусис ва наворбардору таҳиягари рус Евгений Грушин дар таҳияи ин филм ба онҳо кӯмак кардаанд. Ин филм дар ҳамин рӯзҳо дар ҷашнвораи байналмиллалии филмҳои зидди нажодпарастии мавсум ба “Открой глаза” дар баробари филмҳои дигар дар Санкт-Петербург ба намоиш даромад.

Дар як мусоҳиба бо Фаррух Сатторов, раҳбари ҷамъяияти ҷавонон ва донишҷӯёни Тоҷикистон дар Санкт-Петербург аз вай дар бораи ин филм тавзеҳоти бештар хостам:

Сатторов: Аслан мо дар бораи кору зиндагии муҳоҷироне фикр мекардем, ки ба мушкилиҳо гирифтор мешаванд. Дар шаҳри Санкт Петербург созмонҳои маҳаллии ҷавонон фаъолият мекунанд. Мо бо онҳо машварат кардем ва ба хулосае омадем, ки филмеро дар бораи муҳоҷирони кории тоҷик бо номи “Из Таджикистана в Санкт Петербург” ба навор гирем. Ин филм дар бораи ҳам муҳоҷиронест, ки дар ҳамаи соҳаҳо кор мекунанд ва ҳам донишҷӯёнест, ки дар муҳоҷират ба мушкил гирифтор мешаванд. Масалан, баъзеҳо кор ёфта наметавонанд ё корашонро аз даст медиҳанд ва мисли инҳо.

Суол: Ҷаноби Сатторов, ин филм мустанад аст ё филми бадеист?

Сатторов: Филми мустанад аст, барои он, ки дар он на актёрҳои касбӣ нақш бозӣ мекунанд, балки қаҳрамони филм худи муҳоҷирон мебошанд ва дар он кору зиндагии воқеии онҳо инъикос ёфтааст.

Суол: Мо метавонем бигӯем, ки онҳо ҳангоми кор дар корхонаҳо ва ё шароити зиндагии онҳо рӯи навор омадааст?

Сатторов: Бале.

Суол: Масалан, чӣ солҳоро дар бар мегирад? Шумо аз наворҳои таърихӣ ҳам истифода кардед?

Сатторов: Аз наворҳои таърихӣ истифода накардаем. Мо он чизеро ба навор гирифтем, ки он намунаи зиндагии муҳоҷири тоҷик дар давлати дигар аст, бо ҳама пастиву баландиҳояш.

Суол: Оё дар ин филм намунаҳое ҳам ҳаст, ки масалан як хонаводаи муҳоҷир ё як муҳоҷир чӣ гуна зиндагӣ дорад?

Сатторов: Бале, чунин лаҳзаҳо ҳастанд. Ҳатто лаҳзаҳое аз зиндагии муҳоҷироне ҳам ҳаст, ки бо духтарони рус хонавода барпо кардаанд. Ин хонаводаҳоро дутарафа мегӯянд. Дар филм зиндагии ононе ҳам инъикос ёфтааст, ки дар Санкт- Петербург то 8-10 сол зиндагӣ мекунанд, вале зану фарзандонашон дар Тоҷикистон мондаанд. Яъне чунин афрод дар муҳоҷират ба чӣ мушкилиҳои равонӣ дучор мешаванд. Ҷавононе, ки бо духтарони рус оиладор шудаанд, мушкилии камтар доранд. Онҳо забонро хуб медонанд, дастрасии бештар ба омӯзиши шароиту қонунҳо доранд. Вале мушкилии ононе, ки оилаҳояшон дар Тоҷикистонанд, мушкили бештар доранд.

Суол: Мешавад аз чунин мушкилиҳо намунаҳо овард?

Сатторов: Масалан, онҳо ба афсурдагӣ дучор мешаванд, рӯҳияи онҳо фарқ дорад. Мушкилиҳои дигар, надонистани ҳуқуқи худ аст ва натиҷа он мешавад, ки ҳангоми поймол шудани ҳуқуқаш муҳоҷир наметавонад аз худ ҳимоят кунад. Онҳоро корфармоён фиреб мекунанд. Кореро ба онҳо медиҳанд, баъд аз анҷоми кор пули кори онҳоро намедиҳанд ё пурра намедиҳанд. Ононе, ки дар бозор кор мекунанд, мушкили камтар доранд, чунки онҳо хариду фурӯшро бо пули худашон мекунанд ва суду зиёнаш ҳам барои худашон аст.

Суол: Оё ин филм дар ҷомеаи Санкт-Петербург вокуниш ҳам ба бор овардааст? Ин филмро хуб пазируфтанд ё чӣ тавр?

Сатторов: Албатта ҳанӯз зуд аст, чунки акнун ба намоиш медарояд. Вале аз ҳоло сомонаҳои русизабон дар бораи он навиштаанд. Онҳо албатта бештар хабар додаанд, ки ҳамин гуна филм таҳия шудааст ва ба намоиш медарояд. Ҳоло вокуниши манфӣ ё мусбат тақрибан ба назар намерасад, бояд интизор шуд, ки ин филм ғайр аз фестивали байналмиллалӣ, дар ҷойҳои дигар низ намоиш дода шавад.

Суол: Мо медонем, ки мавзӯи ин филм бо ташаббуси ҷамъияти шумо, ҷамъияти ҷавонону донишҷӯёни тоҷикистонии муҳими Санкт-Петербург матраҳ шуд. Дар таҳияи он боз киҳо саҳм доранд?

Сатторов: Коргардонии ин филмро зане бо номи Светлана Кенесиус аз Латвия бар ӯҳда дошт. Созмони маҳаллии ҷавонони Санкт-Петербург низ як ҷо бо мо ҳамкорӣ мекард.

Суол: Шумо кӯмаки молиро дар назар доред?

Сатторов: Кӯмаки молӣ ба он маъно, ки коргардону наворбардор ва таҳиякунандагони филмро ба ҷои наворбардорӣ бо нақлиёт таъмин кардан ва мисли ҳамин. Таъмини нақлиётӣ. Пайдо кардани маҳалли муносиби кори муҳоҷирон, ҷои истиқомати он, рафтан ба он ҷо.

Суол: Оё дар ҷараёни наворбардорӣ, раҳбарони корхонаҳое, ки муҳоҷирони кории тоҷик дар он ҷо кор мекарданд, монеа ба вуҷуд намоварданд, чунки шумо ба ҳар ҳол аз қонуншиканиҳои онҳо, аз мушкилиҳои муҳоҷирон дар ин корхонаҳо мехостед дар ин филм мавод ҷамъ оваред?

Сатторов: Албатта мушкилиҳо буданд, баъзе мақомот намехостанд мо ин филмро таҳия кунем ё онҳоро барои ин филм ба навор бардорем. Бисёре аз муҳоҷирон баъд аз ба мушкилӣ дучор шадан намедонанд ба куҷо муроҷиат кунанд. Ҳатто филмбардорон ҳам намедонистанд ба кӣ муроҷиат кунанд. Мо ба онҳо дар ин кор дасти ёрӣ дароз кардем.
XS
SM
MD
LG